User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Сармутахассиси бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Дарвоз – 1 ҷой,

Талаботи тахассуси барои довталабон:

- таҳсилоти олии илмҳои гуманитарӣ ё дақиқ ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иљрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.   

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли љомеъа, аз љумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ ва забоҳои хориљӣ;

- маҳорати кор бо технологияи муосир (компютер).

   Маоши мансабӣ – 1956  сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаанд

  •  ариза ба номи раиси шаҳр;
  •  варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
  •  тарљумаи ҳол;
  •  нусхаи ҳуљљатҳо дар бораи таҳсилот;
  •  нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  •  маълумотнома оид ба вазъи саломати дар шакли 038 УЕ;
  •  нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  •  маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  •  нусхаи шиноснома;
  •  нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  •  маълумотнома оид ба доғи судӣ

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

    Шаҳри Хоруғ, кўчаи Н.Атобек 16, бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ , ошёнаи 2.Индекс 736000

Телефон барои тамос: \ факс: (83522) 2 – 43– 93, 2 – 60 – 64

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо  21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    ЭзоҳИловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.