- Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1286,50 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи коргузорӣ - 1ҷой, маоши мансабӣ – 1062,40 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва иқтисод - 1ҷой, маоши мансабӣ – 1286,50 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси саноатчӣ ва иқтисодчӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансабӣ ишғолшаванда муаофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ ва забони давлатӣ;
- мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УБ;
-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ)
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кўчаи Шамсӣ 5/1, E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.,
Телефонҳо барои тамос: (+ 992 372) 236-53-70. 931-56-65-44.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.