User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи  амри  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва  дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2022, №26/10-272 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 санаи 2 августи соли 2022, соати 1400  дар бинои Академияи идоракунии давлатӣ бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир 33, ошёнаи 2 баргузор мегардад.

Дар нишасти матбуотӣ иштироки роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони он ва намояндаи Академияи идоракунии давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма 2 августи соли равон аз соати 1320 оғоз мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд, ки қаблан тавассути телефонҳои 224-40-67, 224-53-22 ё почтаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.  аз қайд гузаранд.

Ҳамчунин, намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд, ки барои дарёфти ҷавобҳои мушаххас саволҳои худро тавассути телефонҳо ва почтаи электронии зикргардида ба Агентии хизмати давлатӣ то санаи баргузории нишасти матбуотӣ пешнињод намоянд.

                                                                                                                    Агентии хизмати давлатии назди
                                                                                                                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон