Structure
- Details
- Category: Низомнома
- Hits: 35806
Ф А Р М О Н И
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМІУРИИ ТОҶИКИСТОН
У К А З
ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Дар бораи Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(бо тағйиру иловаҳо аз 13.05.2022, №384)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ф а р м о н м е д и ҳ а м:
- Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
- Шумораи ниҳоии кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди 52 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи дастгоҳи марказии Агентӣ ба миқдори 33 воҳид муқаррар карда шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384).
- Ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини директор, аз ҷумла як муовини якум, инчунин ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384).
- Маблағгузории дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384).
- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2007, №264 «Дар бораи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
15 марти соли 2014,
№179
Замимаи 1
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2014, №179
тасдиқ шудааст
Низомномаи
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(бо тағйиру иловаҳо аз 13.05.2022, №384)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад ва дар доираи ваколатҳои худ сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро амалӣ месозад.
2. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.
3.Агентӣ дар доираи ваколатҳои худ бо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо ҳамкорӣ менамояд.
4. Самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатии соҳаи хизмати давлатӣ, батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии соҳа, ташкил, таъмин ва назорати иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ва адои хизмати давлатӣ, ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, мусоидат ба амалишавии кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо иборат аст (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384).
2. Ваколатҳо, вазифа ва функсияҳои асосии Агентӣ
5. Ваколатҳои Агентӣ:
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳҳои рушди хизмати давлатӣ пешниҳод манзур менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
-ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи хизмати давлатиро пешниҳод менамояд;
-дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро таҳия ва қабул менамояд;
-лоиҳаи феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, амалишавии онро назорат мекунад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
-дар доираи ваколатҳояш дар мақомоти давлатӣ санҷиш мегузаронад, намояндагони мақомоти давлатиро ба баррасии масъалаҳои дар доираи салоҳияти худ қарордошта ҷалб менамояд;
- ҷиҳати бекор кардани қарорҳои мақомоти давлатӣ, ки хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ мебошанд, ба мақомоти давлатии дахлдор, мақомоти болоӣ пешниҳод манзур менамояд ва ба суд муроҷиат мекунад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ ва ҷазои маъмурӣ таъин менамояд;
- баҳодиҳии самараноки идоракунии ҳайат ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ вобаста ба масъалаҳои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ мегузаронад;
- бо мақомоти давлатии ваколатдори соҳаи хизмати давлатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҳамкорӣ менамояд;
- дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва амалигардонии ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои таълимӣ дар дохил ва хориҷи кишвар иштирок менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалии соҳаи хизмати давлатиро ба имзо мерасонад ва амалӣ менамояд;
- дар бораи беҳдошти шароити меҳнат ва таъминоти иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
- бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ менамояд.
6. Агентӣ барои таҳсил (азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ)-и хизматчиёни давлатӣ, кормандони дигар мақомоти давлатӣ ва дар асоси муроҷиат барои кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ чорабиниҳои зеринро амалӣ месозад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384):
- барои ташкили азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои касбии баъдидипломӣ, таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар магистратура, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- масъалаҳои вобаста ба таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва таъмини мақомоти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисосро ҳамоҳанг месозад
- механизми таҳсили хизматчиёни давлатиро таҳия карда, якҷоя бо мақомоти давлатӣ арзёбии эҳтиёҷот ба таҳсилро муайян мекунад, татбиқ гаштани фаъолиятро дар ин самт назорат менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- фаъолияти мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ҳамоҳанг месозад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- дар таҳияи нақша-ҷадвали ҳарсолаи курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок мекунад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- шумораи хизматчиёни давлатӣ, категорияҳои мансабҳои давлатии маъмуриро барои таҳсил, эҳтиёҷот ба таҳсили онҳо муайян менамояд
- мониторинги ҳолати ба таҳсил фаро гирифтани хизматчиёни давлатиро мегузаронад ва натиҷаи онро ҷамъбаст менамояд;
- таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатиро дар мақомоти давлатӣ ташкил ва амалӣ менамояд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
7.Вазифаҳои асосии Агентӣ:
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккул ва баланд бардоштани самаранокии соҳаи хизмати давлатӣ;
- ташкили низоми самараноки интихоби кадрҳо ва идоракунии ҳайати кормандон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар масъалаҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии хизматчиёни давлатӣ.
8. Функсияҳои асосии Агентӣ:
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешбурди сиёсати давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ анҷом медиҳад;
- натиҷаҳои татбиқи сиёсати хизмати давлатиро таҳлил ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии ислоҳот ва рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти ташаккул додан ва баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ иштирок менамояд;
- назорати иҷрои қонунгузории хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ анҷом медиҳад ва аз онҳо маълумот дархост менамояд;
- меъёрҳои одоби хизматчиёни давлатиро таҳия ва назорати фаъолияти комиссияҳои оид ба одоби мақомоти давлатиро ба роҳ мемонад;
- механизмҳои таъминоти кадрӣ, қоидаҳои қабул ба хизмати давлатӣ, адои хизмати давлатӣ ва банақшагирии болоравии мансабиро дар низоми хизмати давлатӣ назорат менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- қоидаҳои гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, болоравии мансабӣ ва баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатиро таҳия менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- роҳбарии методии хадамоти кадрии мақомоти давлатиро амалӣ ва лоиҳаи низомномаи намунавии хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- сатҳи талаботи тахассусиро барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ таҳия ва тасдиқ менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- роҳбарии методӣ ва назорати гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ротатсияи (ҷойивазкунии) хизматчиёни давлатии ҳайати роҳбарикунандаро анҷом медиҳад;
- низоми иттилоотӣ-коммуникатсиониро дар соҳаи хизмати давлатӣ ташкил ва ҷорӣ менамояд;
- таъминоти иттилоотии мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ амалӣ мегардонад;
- механизмҳои ташаккул ва самаранокии захираи кадрҳоро татбиқ менамояд;
- таҳияи барномаҳои таълимиро барои кадрҳои захираи мақомоти давлатӣ ба нақша мегирад;
- таҳлили ҳарсолаи эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ оид ба таҳсили хизматчиёни давлатиро гузаронида, барои таҳияи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, амалисозии онро ташкил ва назорат мекунад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- махзани маълумотро дар бораи хатмкардаҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои олии таълимӣ, ки мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ тайёр мекунанд, таҳия менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- дар чорабиниҳои мақомоти давлатӣ вобаста ба интихоби номзадҳо барои таҳсил дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- тадбирҳои банақшагирӣ ва дурнамои эҳтиёҷоти умумии хизматчиёни давлатиро ба таҳсил таҳия менамояд;
- оид ба ташкили фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ пешниҳод манзур менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- ҷараёни супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молумулкиро аз тарафи хизматчиёни давлатӣ назорат ва таҳлил менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- таҷрибаи пешқадами мақомоти давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ таҳлил ва ҷорӣ мекунад;
- ҷиҳати татбиқи сиёсати гендерӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ тадбирҳо анҷом медиҳад;
- оид ба такмили низоми пардохти музди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
- якҷо бо мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ҳисоботи омори соҳаи хизмати давлатӣ ва дастурамали тартиб додани онро тасдиқ менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- номгӯи мансабҳои хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон)-и мақомоти давлатиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- тартиби пешбурди парвандаи шахсии хизматчиёни давлатиро тасдиқ ва иҷрои онро назорат менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- қоидаҳои таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ ва амалисозии онҳоро назорат менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- якҷо бо мақомоти давлатии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи бемориҳоеро, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мегарданд, таҳия ва тасдиқ менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳод манзур менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ санҷиши иҷрои талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатиро мегузаронад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- тартиби ҷорӣ намудани санҷиши тестиро барои довталабони мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ва аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ муайян менамояд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳои мақомоти давлатиро оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ анҷом медиҳад;
- оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ чораҳои зарурӣ меандешад;
- мониторинги татбиқи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мақомоти давлатӣ мегузаронад ва барои роҳ надодан ба бархурди манфиатҳо тадбирҳо меандешад;
- мониторинги ҳолати таъминоти кадрии хизмати давлатӣ ва захираи кадрҳои мақомоти давлатиро гузаронида, эҳтиёҷоти мақомоти давлатиро ба кадрҳо пешбинӣ менамояд;
- пешбурди Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиб ва ташкили махзани маълумот оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва захираи кадрҳои хизмати давлатиро анҷом медиҳад;
- мутобиқи тартиби муқарраршуда санҷиши маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳрвандро ҳангоми ҳалли масъалаи ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин (интихоб) шудани ӯ мегузаронад;
- маълумоти омори давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ ҷамъоварӣ, коркард ва нашр менамояд;
- дар бораи ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод манзур менамояд;
- қабули шаҳрвандон, хизматчиёни давлатӣ ва шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ташкил, баррасии саривақтӣ ва босифати муроҷиатҳои онҳо, қабули қарорҳои дахлдор ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба муроҷиаткунандагон ирсол намудани ҷавобҳоро анҷом медиҳад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- дар доираи ваколати Агентӣ ҳифзи маълумотеро, ки сирри хизматӣ ва давлатиро дар бар мегиранд, таъмин менамояд;
- ҷобаҷокунӣ, нигаҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгониро, ки дар рафти фаъолияти дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои маҳаллии он таҳия мешаванд, амалӣ менамояд;
- дигар функсияҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
9. Бо мақсади татбиқи вазифа ва функсияҳои соҳаи хизмати давлатӣ Агентӣ ҳуқуқ дорад:
- аз мақомоти давлатӣ маълумоти барои қабули қарор заруриро оид ба масъалаҳои соҳаи фаъолият бо тартиби муқарраргардида дархост намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи Агентӣ оид ба хизмати давлатиро шарҳ диҳад, дар хусуси тартиби татбиқи хизмати давлатӣ тавсия ва дастурҳои методӣ таҳия ва пешниҳод намояд, нашри иттилоотро ба роҳ монад;
- барои таҳияи масъалаҳои соҳаи фаъолият намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- дар доираи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла байниидоравӣ ташкил намояд.
3. Ташкили фаъолият
10. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунии Агентиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
11. Ба Агентӣ директор роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384).
Директори Агентӣ муовинон, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
12. Директори Агентӣ:
- роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро анҷом дода, барои иҷрои ваколат, вазифа ва функсияҳои Агентӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дорад;
- дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои фаъолияти Агентӣ фармоиш (қарор) қабул менамояд;
- низомномаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ ва воҳидҳои сохтории он, басти вазифаҳоро дар доираи сметаи хароҷоти Агентӣ тасдиқ менамояд;
- дар баррасӣ ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти Агентӣ дахлдошта иштирок менамояд;
- масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳоро баррасӣ ва ҳал намуда, кормандони Агентиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории хизмати давлатӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мекунад;
- бо хизматчиёни давлатӣ ва хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон) тибқи тартиби муқаррарнамуда шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ мебандад, ба онҳо тағйирот медарорад ва онҳоро бекор мекунад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Агентиро даъват менамояд, ба онҳо раисӣ мекунад ва ба қарорҳои онҳо имзо мегузорад;
- ба комиссияҳои дар Агентӣ таъсисгардида раисӣ мекунад, ба протоколҳои ҷаласаҳои комиссияҳо имзо мегузорад, роҳбарии комиссия ва гурӯҳҳои кориро ба муовинони худ вогузор менамояд;
- хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон)-ро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳавасманд мегардонад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- бо тартиби муқарраргардида кормандонро ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ менамояд;
- ба хизматчиёни давлатии Агентӣ рутбаҳои тахассусӣ медиҳад ва барои додани рутбаи тахассусӣ ба хизматчиёни давлатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- аз хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон) иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, риоя ва иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, муносибати эҳтиёткорона ба моликияти давлатӣ, дигар қоидаҳо ва муқаррарот, инчунин шартҳои шартномаҳои (қарордоди) меҳнатиро талаб менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои иҷро накардан ё ба таври зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ гузаронидани санҷиши хизматӣ таъин мекунад ва дар мавриди ҷой доштани асос хизматчиёни давлатиро ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ мекашад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- дар мавриди роҳ додан ба амали ғайриинтизомӣ хизматчиёни гражданӣ (ҳайати техникӣ ва хизматрасон)-ро ба ҷавобгарии интизомӣ мекашад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- санҷиши мақомоти давлатиро оид ба риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ташкил мекунад;
- барои бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ пешниҳод ирсол менамояд;
- Агентиро дар муносибат ба дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳо намояндагӣ мекунад;
- доир ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъминоти молиявии фаъолияти Агентӣ ба мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро ҳал менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадҳоро барои ишғоли мансабҳои муовинони директори Агентӣ пешниҳод менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- салоҳият ва уҳдадориҳои мансабии кормандони Агентиро муайян мекунад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Агентӣ гузориш медиҳад;
- дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати мушовараи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва машваратҳои назди раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба масъалаҳои хизмати давлатӣ иштирок мекунад;
- ваколатҳои муовинони худро муқаррар менамояд;
- идоракунии фонди музди меҳнати Агентиро амалӣ менамояд;
- мутобиқи қонунгузорӣ гуфтушунид анҷом медиҳад, ба шартномаҳои байналмилалӣ, протоколҳои ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ имзо мекунад;
- назорати дохилиро дар Агентӣ ташкил ва таъмин менамояд;
- дигар ваколату вазифа ва ҳуқуқҳоеро амалӣ менамояд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд.
13.Муовинони директор бевосита ба директор тобеъ буда, фаъолияти Агентиро дар доираи уҳдадорӣ ва ваколатҳои вогузорнамудаи директор анҷом медиҳанд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384).
14. Дар ҳолати набудани директори Агентӣ вазифаҳои ӯро муовини якум, ё бо супориши директор муовини ӯ иҷро менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384).
15.Дар Агентӣ таҳти роҳбарии директори Агентӣ ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони директори Агентӣ, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рӯи вазифа) ва кормандони ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди директори Агентӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384).
16. Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ ташкили иҷрои вазифаҳои асосии Агентиро муҳокима менамояд.
17.Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози аъзои он қабул карда шуда, бо протокол ба расмият дароварда, бо фармоишҳои директори Агентӣ дар амал татбиқ карда мешаванд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384).
18.Барои таъмини фаъолияти Агентӣ ва амалӣ намудани ваколатҳои он дастгоҳи марказии Агентӣ (минбаъд - дастгоҳи марказӣ) таъсис дода мешавад.
19.Дастгоҳи марказӣ таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, илмию таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигар намудҳои таъмини фаъолияти Агентиро амалӣ менамояд.
20. Дастгоҳи марказӣ аз роҳбарият, воҳидҳои сохторӣ ва кормандон иборат мебошад.
21. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентӣ вобаста ба ваколат, вазифа, функсия ва шумораи ниҳоии кормандон дар шакли шуъба ва бахш ташкил карда мешаванд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384).
22. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои дар Нақшаи идоракунии Агентӣ пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
23. Самтҳои дақиқи ҳисоботдиҳии Агентӣ:
а) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- оид ба нишондиҳандаҳои асосии самтҳои фаъолияти Агентӣ ҳисоботи солона пешниҳод менамояд;
- ҳар сол дар моҳи январ аз натиҷаи санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ, оид ба ҳолати риояи қонунгузории хизмати давлатӣ ва натиҷаи аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ гузориши солона манзур менамояд;
- дар моҳи феврал оид ба ҳолати захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ ҳисоботи солона пешниҳод мекунад;
- на дертар аз 1 марти соли ҷорӣ оид ба натиҷаи ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатии маъмурии ҳайати роҳбарикунанда дар соли сипаришуда маълумотнома пешниҳод менамояд.
б) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ:
- дар муҳлатҳои муқарраргардида оид ба таъмини иҷрои супоришҳо, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ, ҳуҷҷатҳои назоратӣ маълумотнома пешниҳод менамояд (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384);
в) соле ду маротиба (20 июли соли ҳисоботӣ ва 20 январи соли оянда) ба мақомоти омор ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод менамояд.
24. Дар Агентӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди назорати дохилӣ таъсис дода мешавад.
4.Муқаррароти хотимавӣ
25.Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384).
26.Агентӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандон ҳуқуқи ташкили хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар ташкилотҳои ҳисоби хоҷагиро дорад. Фаъолияти мазкур набояд ба хизмати давлатӣ таъсири манфӣ расонад.
27.Номи пурраи Агентӣ: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
28.Маҳали ҷойгиршавии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Саид Носир, 33.
29. Дар сурати қатъ шудани фаъолияти Агентӣ масъалаҳои супурдан, нигоҳ доштан ва истифодаи минбаъдаи ҳуҷҷатҳои он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.
Замимаи 2
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2014, №179
тасдиқ шудааст
Сохтори
дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.05.2022, №384)
Роҳбарият
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ
Шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ
Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ
Шуъбаи ташкилию иттилоотӣ
Шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорат
Шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатӣ
Шуъбаи молия ва муҳосибот
Замимаи 3
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 марти соли 2014, №179
тасдиқ шудааст
Нақшаи
идоракунии Агентии хизмати давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Шӯъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шӯъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Шӯъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Шӯъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Бахши минтақавии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон