ҲАМАИ ХАБАРҲО
13 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде ва Ноиби Президенти ҳамин бонк хонум Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи заргарии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар масоҳати 0,30 га бунёд ёфта, аз маркази дуошёнаи фуруши тилло ва сехҳои заргарӣ иборат аст.
Баъди мавриди истифода қарор додани корхона 60 нафар сокини пойтахт бо кори доимӣ ва маоши аз 3000 сомонӣ боло таъмин шудаанд.
Ба корҳои сохтмони корхона соли 2023 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузошта шуда буд.
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар доираи бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 19 садяк замин бунёд шуда, дар он шароити хуби корӣ барои кормандон фароҳам меояд.
Бинои нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои ҳар ду идораи давлатӣ 42 ҳуҷраи корӣ дорад.
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови пойтахт Корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Гардиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз се ошёна иборат буда, бо маблағи 45 миллион сомонӣ сохта шудааст. Дар он истеҳсоли сару либоси мардонаву занона ва кӯдакона ба роҳ монда шудааст. Либосҳои зебову шинами коргоҳ аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқу хоҳиши харидорон духта мешавад. Корхонаи навбунёд дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. Ҳоло шумораи коргарон дар фабрикаи дӯзандагӣ 210 нафарро ташкил дода, бо пурра ба кор пардохтани иқтидори лоиҳавии он шумораи онҳо ба 400 нафар расонида мешавад.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Корхонаи дӯзандагии Гардӣ дар як шабонарӯз имкон дорад то 13 ҳазор сару либоси гуногун истеҳсол карда, дар маҷмӯъ дар як сол аз 1,5 то 2 млн. дона либос омода намояд. Дар маҷмӯъ корхона тавлиди бештар аз 45 навъи маҳсулотро роҳандозӣ кардааст. Иқтидори тавлидотӣ ва сифати маҳсулот имконият медиҳад, ки минбаъд сару либоси он рақобатпазиру ивазкунандаи воридот дар бозорҳои кишвар бошад ва ҳамчунин ба содирот равона гардад.
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар заминаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, тарҳи он ба ҳусни пойтахт зебоии дигар бахшид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, осорхона, толорҳои маҷлис, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, шароити дар он фароҳамшуда ба фаъолияти кормандон заминаҳои мусоид хоҳад гузошт.
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.
3 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Миннихановро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Тотористон баррасӣ гардид.
Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар якҷоягӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Имрӯз курси азнавтайёркунӣ барои хизматчиёни давлатии сохторҳои мақомоти иҷроияи мауаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки солҳои 2023-2024 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, аз руйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷалби 100 нафар, ки 7 апрели соли 2025 оғоз гардида буд, ҷамъбаст карда шуд. Дар ҷамъбасти курси мазкур бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, ноиби якуми Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Одиназода Фирдавс Ҷалил ва муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Сайдаҳмадзода Дилором мизи мудаввар ташкил карда шуда, ба шунавандагон ҷиҳати боз ҳам такмил додани донишҳои касбӣ ва дар фаъолияти минбаъда истифодаи донишҳои андӯхта дар давоми курси мазкур тавсияҳо дода шуд.
Дар ҷамъбасти курси мазкур ба шунавандагон «Гувоҳнома» тақдим карда шуд.
Дар ҳамоиши идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ директори Агентии хизмати давлатӣ Идрисзода Илёс Мумин бо фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз кормандони Агентӣ ва хизматчиёни давлатиро табрику муборакбод гуфта, ба онҳо тани сиҳат, саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, илҳому нерўи тоза ва дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои беназирро орзу намуданд.
Зимни суханронӣ қайд намуданд, ки мо ифтихор аз он мекунем, ки аз баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги аҷдодиамон–Наврӯз бо тамоми расму суннатҳои дерини худ эҳё шуда, дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ зимни ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба такмили донишҳои хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Таҳсили хизматчиёни давлатӣ мувофиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар шакли тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ сурат мегирад.
Интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ тавассутӣ озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ин масъала ҳамеша зери назорати мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ қарор дорад.
Агентии хизмати давлатӣ санаи 08 феврали соли 2025 дар доираи татбиқи «Барномаи миллии «Кишвари сабз» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки тибқи он дар канори роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 5 миллион бех ниҳол, аз ҷумла сафедор ва дигар дарахтони ороишии сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шаванд, маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор намуд.
Тибқи барномаи мазкур ва нақшаи муайянгардида дар хиёбони Айни 255 шаҳри Душанбе бо ҷалби 31 нафар кормандон ва ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ, 120 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкани арча шинонида, гирду атрофашон тоза, нарм, тахту ҳамвор ва обёрӣ карда шуданд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх