Саннаи 14-уми октябри соли равон дар доираи иштироки ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Форуми байналмиллалии сармоягузории Душанбе – 2025, мулоқоти дуҷонибаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини вазир оид ба умури Девони вазирон, мудири кулли мақомоти федералӣ оид ба рақобатпазирӣ ва омори Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаноби Абдулло Носир Лутоҳ баргузор гардид.
Зимни мулоқот рафти омодагӣ ҷиҳати баимзорасонии лоиҳаи «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба мубодилаи таҷриба ҷиҳати рушд ва навсозии идоракунии давлатӣ», ки айни замон дар ҷониби Аморот қарор дорад, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб омодагии худро ҷиҳати ҳарчи зудтар ба имзо расонидани лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми мазкур иброз дошта, изҳори боварӣ намуд, ки Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳо шомили Барномаи омодасозии кадрҳо барои кишварҳои хориҷ, ки аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб амалӣ карда мешавад, мегардад.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои банақшагирии стратегӣ, амалисозии консепсияҳо, стратегияҳо ва дигар барномаҳои давлатӣ марбут ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар ин самтҳо, тақвияти иқтидори кадрии вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ, таҳкими хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла рақамикунонии соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, роҳандозӣ намудани низоми иттилоотии идоракунии кадрҳои давлатӣ, гузариш ба низоми зеҳни сунъӣ ва дар маҷмӯъ таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаро дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур баррасӣ намуданд.