ҲАМАИ ХАБАРҲО
4 июл дар шаҳри Ханкендӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев суҳбати самимӣ доир намуданд.
4 июл дар шаҳри Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи феълии ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои рӯзномаи саммит баррасӣ шуд.
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва баргузор кардани ҳамоиш арзи сипос намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои аъзои ин созмонро, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд.
4 июл дар шаҳри Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Саммити 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд.
3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.
30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст дар бораи Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши Султон Раҳимзода - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.
Сани 25 июни соли 2025 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Рўзи байналмилалии хизмати давлатӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ ва нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ» чорабинии тантанавӣ бо иштироки меҳмонон, кормандони Агентӣ ва магистрантон-хизматчиёни давлатии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» баргузор карда шуд.
Директори Агентӣ Идрисзода И.М. меҳмон, иштирокчиёни чорабинӣ ва тамоми хизматчиёни давлатиро, ки Ваҳдати миллӣ барои ҳар кадоми мо чун василаи ҳамбастагии мардуми шарифи кишвари азизамон дар баробари истиқлоли давлатӣ арзиши муқаддасу бебаҳо мебошад ва Рўзи хизмати давлатӣ, ки қишри пешоҳанги кишварро атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуда, мақсади он хизмат ба халқу Ватан аст, табрику муборакбод намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як сиёсатмадори равшанзамиру хирадандеша нақши модарону бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ намуда, ҳамеша дар фикри дастгирии занону бонувон мебошанд.
Зеро занон аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ, раванди созандагӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кӯмак ва саъю талошҳои зиёд кардаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани салоҳият ва малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ дар самти экология ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои роҳбарони сохторҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар воҳидҳои сохтори он баргузор карда шуд.
Санаи 20 июни соли 2025 тибқи нақшаи омӯзишҳои идоравии хизматчиёни давлатӣ бо иштироки сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - Саидзода Шаҳбоз, сардори шуъбаи ташкилӣ ва иттилоотии Агентӣ Кенҷазода Мирзо ва хизматчиёни дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия хониши идоравӣ баргузор гардид.
Бо мақсади омўзиш ва табодули таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои рушди минбаъдаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин дар Форуми «GovHR forum: Низомҳои нав, хизматрасониҳои муосир, роҳҳали нав», ки санаи 20 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва дорои салоҳияти баланди корӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, душвор ва падидаҳои бўҳрониро дар тамоми соҳаҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҳаллу фасл намояд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Раёсати корҳо:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – ҳуқукшинос, иқтисодчӣ, равияи гуманитарӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, забон, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, кор бо технологияҳои электронии муосир, донистани забонҳои хориҷӣ ва малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа.
Барои ишғоли мансаби сармутахассиси
Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти ҳуқуқ):
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - ҳуқуқшинос, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти кадрӣ):
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ –ҳуқуқшинос, равияи гуманитарӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Раёсати растанипарварӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – агрономӣ, заминсозӣ ва фаъолияти геодезӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби самутахассиси Бахши байторӣ ва зотпарварии
Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - зооинжинер (зоотехник), ветеринар (байтор), ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Раёсати байналмилалӣ, илм ва татбиқи дастовардҳои илмӣ
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисоди муносибатҳои байналмилалӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби сармутахассиси Шўъбаи сиёсати
техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - муҳандис – механик, муҳандиси техникаи бехатарӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари
Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти ҳуқуқ)
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - ҳуқуқшинос, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Шўъбаи матбуот ва иттилоот:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - рўзноманигор, журналист, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Шуъбаи умумӣ ва назорати Раёсати корҳо (бойгонӣ):
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - бойгоншинос, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбари Шуъбаи мониторинги барномаҳои давлатии Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ - иқтисодчӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси Раёсати молия ва муҳосибот:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – молиявӣ - муҳосибӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ (самти кадрӣ):
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ – ҳуқукшинос, равияи гуманитарӣ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6)
- тарҷумаи ҳол
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038)
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА)
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН)
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ
- нусхаи шиноснома
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуда-
анд)
- маълумотнома оид ба мавҷуд набудани доғи судӣ
- маълумотнома (объективка)
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
шаҳри Душанбе, н.Сино, кўчаи Шамсӣ 5/1
Телефон барои тамос: 235-38-61, 235-38-44
Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх