ҲАМАИ ХАБАРҲО
18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд.
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Суди Олӣ бо кормандони мақомоти судии кишвар мулоқот намуданд.
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави хуштарҳу замонавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт санги асос гузоштанд.
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд.
4 декабр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев баргузор гардид.
Санаи 17 декабри соли ҷорӣ дар толори меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенси чорабинии ҳисоботи ҷамъбастии хатмкардагони гуруҳи 14-уми магистратураи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳои Ҳукумати Япония ҷиҳати омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
«Ба ҳама маълум аст, ки сатҳу сифати идоракунии давлатӣ ба донишу таҷриба, маҳорату малака, масъулиятшиносиву ташаббускорӣ ва сифатҳои касбиву кордонии хизматчиёни давлатӣ вобаста аст. Хизмати давлатӣ асоси сиёсати давлатии кадрҳо буда, қабл аз ҳама ба манфиатҳои миллӣ ва таъмини фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ равона карда мешавад.»
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони шуъбаҳо (бахшҳо) - и умумии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ҷамъбаст гардид.
Таҳти чунин унвон имрӯз, 9 - уми декабри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони шуъбаҳо (бахшҳо)-и умумии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ифтитоҳ гардид.
Санаи 9 декабри соли 2024 дар Агентии хизмати давлатӣ дар асоси банди 8-и Нақшаи кори Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2023 ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2024 бо иштироки раис, аъзои комиссия ва кормандони Агентӣ баргузор гардид.
Санаи 6 декабри соли равон бо ташабуси Агенти хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ», 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026 (амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023, №АП-350) ба Агентии хизмати давлатӣ аз 4 апрели соли 2023, №7 ворид гардида, бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 1 майи соли 2023, №91 Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шўрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) барои солҳои 2023-2026, иборат аз 6 банд тасдиқ ва иҷрои бандҳои он идома дорад.
Дӯстон ва ҳамкасбони гиромиқадр!
Дар ин лаҳзаи хос, аз самими қалб, мехоҳем ба ҳамаи шумо муроҷиат кунем. Пас аз солҳои дароз, ки дар паҳлӯи ҳам кор ва фаъолият намудем, вақти тарк кардани мавқеъ расидааст. Тавре ки медонед, ман 31-уми декабр ба нафақа мебароям. Ин лаҳзаи ниҳоӣ дар роҳи мо, замонест, ки моро водор мекунад, то ба гузашта назар афканем ва ҳамаи он лаҳзаҳои хотирмоне, ки бо ҳам таҷриба намудем, ба ёд оварем.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Зимни шиносоии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 бинои 3 ва 16 ошёнаву таҳхона иборат буда, дорои 12 маҷлисгоҳи барҳаво, толор бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Бинои нав дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар масоҳати 9 ҳазору 145 метри мураббаъ сохта шуда, саҳни он мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ зебою назаррабо гардонида мешавад.
Дар иншооти бунёдшаванда, 15 раёсат ва 36 шуъбаи кумитаи мазкур ҷойгир гашта, дар он 360 корманд фаъолият хоҳанд кард. Дар ин бино 6 лифти замонавӣ низ насб карда мешавад.
Ба ғайр аз ҳуҷраҳои барҳавои корӣ бо шароити замонавӣ, дар таҳхонаи бино барои 230 мошин таваққуфгоҳи зеризаминӣ бунёд мегардад.
Дар бинои нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон мутобиқ ба талаботи замони муосир ва беҳтар намудани самаранокии фаъолияти мақомоти андоз, имкониятҳо фароҳам хоҳад шуд.
Лоиҳаи мазкур бо назардошти талаботи меъморӣ ва шаҳрсозии муосир амалӣ мегардад. Дар иншоот унсурҳое ҷой дода мешавад, ки ифодагари таъриху фарҳанги ибратомӯзи мардуми тоҷик буда, шукуфоӣ, субот ва пешрафти Тоҷикистонро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар инъикос хоҳад кард.
Сарчашма:president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх