User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Суди Олӣ бо кормандони мақомоти судии кишвар мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди мақомоти судӣ, иқдомоти роҳбарияти давлат барои қабулу амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории моддию мурофиавӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии кормандони соҳа бо таҳлилҳо андешаронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, принсипу меъёрҳои ҳокимияти судӣ муқаррар ва тартиби фаъолияти онҳо мушаххас гардид.

Таъкид карда шуд, ки тибқи Конститутсия ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо буда, нақшу мавқеи он дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим аст.

“Дар ҳамин асос, соли 1995 барои рушду такмили фаъолияти мақомоти судӣ шаш қонуни конститутсионӣ қабул карда шуд. Қонунҳои зикршуда фаъолияти судҳои кишвар ва низоми судии кишварро мукаммал гардониданд” - изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти яке аз воситаҳои асосӣ ва боэътимоди ҳалли баҳсҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани адолати судӣ, судяҳоро вазифадор намуданд, ки фаъолияти худро танҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ба роҳ монанд.

Гуфта шуд, ки судяҳо вазифадоранд, ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақилу беғараз бошанд ва қарорҳои судиро танҳо дар доираи талаботи қонун қабул намоянд.

Таъкид гардид, ки масъалаҳои беҳсозии шароити моддиву техникии судҳо баъд аз қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 “Дар бораи баъзе чораҳои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ” давра ба давра ҳаллу фасл карда шуд.

“Дар ин раванд, 6 августи соли 2001 Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, меъёрҳои ҳуқуқии соҳа мукаммал ва сохтори судии кишвар такмил дода шуд”-изҳор доштанд Роҳбари давлат.

Ба андешаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои дастгирӣ ва таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ воҳидҳои иловагии корӣ ҷудо намуд, ки дар натиҷа шумораи кормандони соҳа 252 воҳиди корӣ - 116 судя ва 136 корманди дастгоҳи судҳо зиёд карда шуд.

Зикр гардид, ки дар ин раванд, ба масъалаи ҷалби васеи бонувон ба фаъолияти ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа дар низоми ҳокимияти судӣ низ шумораи судяҳо аз ҳисоби онҳо зиёд шуд. Имрӯз дар низоми ҳокимияти судии кишвар аз 385 судя 97 нафари онҳо занон мебошанд, ки дар вазифаҳои раиси суд, муовини раис, раиси коллегияи судӣ ва судя фаъолият дошта, дар таъмини адолати судӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Масъалаи дигаре, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи кормандони соҳаро ба он ҷалб намуданд, ин вазъи воридоти парванда ва дархосту пешниҳод мебошад.

Президенти кишвар таъкид доштанд, ки санадҳои судӣ аз номи давлат бароварда мешаванд ва онҳо бояд ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқат намуда, барои барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона карда шаванд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин фаъолияти кормандони мақомоти судиро таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар кори онҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, сари вақт ба тарафҳо супоридани санадҳои судӣ ва ғайра дар назди судяҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ба шахсони масъули соҳа супориш дода шуд, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Вобаста ба ин, зарур шумурда шуд, ки судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ мунтазам аз курсҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва забономӯзӣ гузаронида шаванд.

Роҳбарияти мақомоти судӣ, ҳамчунин, вазифадор гардиданд, ки барои пешгирии ҷинояткорӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузории чорабиниҳоро бо роҳи гузаронидани мурофиаҳои судии сайёр, суҳбату вохӯриҳо ва истифода аз воситаҳои ахбори умум зиёд намоянд.

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки судяҳо бояд ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат ба савганди худ содиқ бошанд, шаъну шарафи судягиро нигоҳ доранд, ваколатҳояшонро бо масъулияти баланд анҷом диҳанд ва ба мардум содиқонаву беғаразона хизмат намоянд.

Сарчашма:president.tj