Президент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 18
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон - шаҳраки Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти томактабии №3 бо номи Пайравони Пешворо мавриди истифода қарор доданд.
Ин аввалин муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар маркази ноҳия буда, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.
Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо риояи талаботи соҳа ва мувофиқ ба завқи кӯдакон қомат афрохтааст, ки дар он барои ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 150 кӯдак дар панҷ гуруҳ, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Муфассал: Ифтитоҳи Муассисаи томактабии №3 бо номи Пайравони Пешво дар ноҳияи Шуғнон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 17
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 10
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон – шаҳраки Ваҳдат бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор дода, бо шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.
Бинои асосии Беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнон аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои зиёда аз 75 ҳуҷра, аз ҷумла 55 ҳуҷра барои бистарии беморон бо 45 кат, шуъбаҳои кӯдакона, эҳё, ташхис, таваллуд, занона, ҷарроҳӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 12
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пашори деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон аз қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дидан намуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати 4 гектар замини бекорхобида бунёд гардида, дар майдони 1,5 гектар ниҳоли дарахтони зардолу, шафтолу, олу, олуболу, нок, гелос, себҳои қадпасту миёнақад ва дар масоҳати як гектари дигар ниҳоли чормағзи ҳамелӣ шинонида шудааст.
Муфассал: Боздид аз қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Шуғнон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 15
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ “Барги Шоҳтут” оғоз бахшиданд.
Корхонаи “Барги Шоҳтут” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат ва шароити мусоид барои тақвияти рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таъмини бозору содироти маҳсулот аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Моҳпарӣ Саидҳасанова бунёд шудааст.
Муфассал: Ифтитоҳи Корхонаи ҶДММ “Барги Шоҳтут” дар ноҳияи Шуғнон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 12
27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Шуғнон ташриф оварданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Шуғнон бо самимияти хоса, рӯҳияи идона ва меҳри беандоза истиқбол гирифтанд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 99
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз мо дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ – санае, ки дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик ҳамчун рӯйдоди муҳимми барқарорсозии сулҳу оромӣ ва оғози марҳалаи нави рушди устувори кишварамон сабт гардидааст, қарор дорем.
Ин ҷашнро ба тамоми сокинони ватандӯсти ноҳияи Рӯшон ва ҳар яки шумо – ҳозирини гиромӣ – самимона табрик мегӯям.
Муфассал: Cуханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯшон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 90
26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия ва вилоятро ба муносибати санаи муҳими таърихӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои давлатӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки Ҳукумати кишвар барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва таъмини рушди он тайи 34 соли соҳибистиқлолӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва ин равандро идома дода истодааст. Аз ҷумла дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди ноҳия беш аз 1,4 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Таъкид гардид, ки танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ 660 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки зиёда аз 346 миллион сомонии он маблағҳои мақсаднок барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия мебошанд.