Президент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 94333
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот дар маркази шаҳри Панҷакент бо роҳбарону фаъолон мулоқот намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шаҳри бостонии Панҷакент барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шаҳри Панҷакент ба истиқболи ҷашни истиқлол то имрӯз 47 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 36 иншооти тандурустӣ, 59 муассисаи маориф, 9 иншооти фарҳанг, 32 майдончаи варзиш, 8 бинои маъмурӣ, 21 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхона, 117 иншооти савдо ва хизматрасонӣ, 92 километр роҳ, 37 пул, 14 бинои истиқоматии баландошёна ва 321 иншооти дигар сохта, ба истифода дода шудааст.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 9274
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро ба деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Гармхона дар заминаи роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Муродқул Юсуфов бунёд шуда, аз лиҳози усули кишт, парвариш, ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмини ғановати бозори истеъмолӣ намунаи хуби истифодаи замин аст.
Муфассал: Боздид аз гармхонаи Моғиён-Агро ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 416753
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Салмон-Бинокорро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳодур Насриддинзода сохта шуда, дар он 30 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст.
Муфассал: Ифтитоҳи корхонаи шифер дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 4939
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи минтақавӣ бо ҳадафи амалисозии сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат барои беҳсозии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст ва имкон дорад, ки ба 25 ҳазор аҳолии деҳоти Лоиқ Шералӣ, 4 деҳоти гирду атроф, сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ низ хизмат расонад.
Муфассал: Ифтитоҳи беморхонаи минтақавӣ дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 4221
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 115-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти соҳаи маориф бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон ва рушди соҳаи маориф бунёд шудааст.
Муфассал: Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115 дар шаҳри Панҷакент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 88
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфарро мавриди истифода қарор доданд.
Муфассал: Оғози сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ва ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфар
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 99
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшиданд.
Иншооти фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Муфассал: Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 96
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ ба таври фосилавӣ барои сохтмони як қатор иншооти таъйиноташон гуногун, ки дар доираи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯи даст гирифта шудааст, оғоз бахшида, 3 корхонаи саноатиро мавриди истифода қарор доданд.
Ҳамчунин, дар ин маросим Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 кӯдакистон, ки дар деҳаҳои Зосун, Хайробод, Ваҳдатобод, Каздон, Анзоб ва Фондарё ҷойгиранд, оғозӣ расмӣ бахшиданд.