Президент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 28
11 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт.
Бунёди иншоот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат сохта шудааст.
Муфассал: Ифтитоҳи Гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар ноҳияи Айнӣ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 42
11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз ёфт.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 11
Ҳамватанони азиз!
Пеш аз ҳама, мехостам ба мардуми соҳибмаърифати шаҳри бостонии Панҷакент барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намоям.
Мо дар ҷараёни сафари корӣ имрӯз хуб мушоҳида кардем, ки сокинони ватандӯсти Панҷакенти бостонӣ, аз ҷумла соҳибкорон бо ҳисси баланди миллӣ ва дар шароити орому осудаи мамлакат ба хотири ободу зебо гардонидани диёри худ хеле заҳмат кашидаанд ва саъйу талоши зиёд кардаанд.
Муфассал: Cуханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 767
9 июл дар идомаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” сурат гирифт.
Муфассал: Боздид аз Бӯстонсаройи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Такоб”
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 660
9 июл сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки тайи ду рӯз дар Тоҷикистон идома дошт, ба анҷом расид.
Муфассал: Анҷоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 4494
Пас аз анҷоми музокирот ва маросими имзои санадҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои намояндагони васоити ахбори омма дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олӣ суханронӣ карданд.
Муфассал: Нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қирғизистон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 6099
Дар Қасри миллат пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии гузаргоҳи сарҳадии “Тоҷварон” – “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок намуданд.
Муфассал: Ифтитоҳи маҷозии гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 4339
Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва ба иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Изҳороти муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.
Ҳамчунин санадҳои зерин ба имзо расид:
-
Муфассал: Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон