User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

27 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэй Фэнхэро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар сиғаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ муҳокима карданд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Соати чори субҳи имрӯз-22-юми июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

19 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазир, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин дигар чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣқарор дода шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Июл 19, 2021 19:00

19.07.2021, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон, ки яке аз маросими дини мубини ислом ва иди суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ шароити мусоид фароҳам омад, ки сокинони кишвари мо расму ойин ва ҷашну идҳои таърихӣ, миллӣ ва динии худро озодона истиқбол намоянд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

14 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо-вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии ҳамкории давлатҳои аъзои Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣқарор дода шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

13 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо-иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъмини самаранокии ҳамкорӣ дар тамоми самтҳои мубрами фаъолияти ҳарбӣ-сиёсии Созмон, аз ҷумла соҳаи мудофиа ва амният, мавриди баррасӣқарор дода шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

30 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот раванди ҳамкории байни кишварҳо, ба хусус робитаҳои парлумонӣ, рушди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, мудофиа, амният, иқтисод, тиҷорат, илму маориф, васоити ахбори омма ва тандурустӣ, ҳамчунин вазъи имрӯзаи Афғонистони ҳамсоя, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.