Президент
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 6258
Бо даъвати Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 4-5 августи соли 2021 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон роҷеъ ба маҷмӯи кулли масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин перомуни масъалаҳои рӯзмарраи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули созандаи афкор намуданд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 4300
Нимаи дуюми рӯзи 4-уми август дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қипчоқ дар назди оромгоҳи шахсиятҳои намоёни халқи туркман гулчанбар гузошта, арвоҳи гузаштагонро бо фотеҳаи нек шод карданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масҷиди калони Туркманистон боздид ба амал оварданд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 9975
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон имзо гузоштанд.
Муфассал: МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 3460
Масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Туркманистон идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ба Сарвари кишвари мизбон-Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Туркманистон изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки мо тарафдори рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Туркманистон мебошем.
Муфассал: МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 1935
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Муфассал: САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ТУРКМАНИСТОН
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 7747
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Қасри «Сомониён»-ро мавриди баҳрабардорӣқарор доданд.
Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди ҳамаҷонибаи деҳот мусоидат намуд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 3310
Баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи навбунёди марказии ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ноҳияро ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи варзишгоҳи замонавӣ, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони ватандӯсти ноҳияи Айнӣ ва махсусан, наврасону ҷавонон мебошад, самимона табрик гуфтанд.
Муфассал: ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ АЙНӢ МУЛОҚОТ НАМУДАНД
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Намоишҳо: 1806
28 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.
Муфассал: САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД АЗ НОҲИЯИ АЙНӢ ОҒОЗ ГАРДИД







