User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

30 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷеймс Эрл Картер боиси андуҳи мо гардид.  

Марҳум бо фаъолияти сермаҳсули худ дар маснади олии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар дохили кишвар соҳиби иззату эҳтироми хосса гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта обрӯву эътибори баланд дошт.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба аҳли пайвандону наздикони марҳум ва тамоми  мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъзияи амиқ ва ҳамдардиву таслияти самимии худро иброз менамоям».

Сарчашма:president.tj