User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Имрӯз дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон Муҳаммад Асим Маликро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар самти таъмини сулҳу субот, амнияти минтақавӣ ва ҳалли дигар масоили мубрами ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат зимни изҳори қаноатмандӣ аз раванди босамари робитаҳои сиёсии тарафҳо, сатҳи бовариву эътимод миёни ду давлатро баланд арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат дар баробари таъкиди ҳамёрӣ дар соҳаи амният тамосҳои доимии намояндагони сохторҳои соҳавиро ба суди ду кишвар маънидод карданд.

Зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷодаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид гардид.

Сарчашма:president.tj