30 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иҷрокунандаи вазифаи Президент, муовини Сарвазир/вазири молияи Ҷумҳурии Корея муҳтарам Чҳве Сан Мок барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Муҳтарам ҷаноби Чҳве Сан Мок,
Хабари фоҷеабори садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар фурӯдгоҳи шаҳри Муани Ҷумҳурии Корея, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андӯҳгин кард.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».
Сарчашма:president.tj