Субҳи имрӯз дар толори бинои нави Парламенти кишвар ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ оғоз намуд.
Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз тасдиқи рӯзномаи ҷаласа фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъин ва озод намудани баъзе аз аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Баъди баррасии масъалаҳои рӯзнома дар кори ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум танаффус эълон карда шуд.
Пас аз танаффус соати 10-00 дар ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.
Хотиррасон бояд намуд, ки ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар бинои нави зебову пуршукӯҳи Парламенти кишвар баргузор мегардад.
Сарчашма:president.tj