User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

22 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро, ки дар доираи силсиласафарашон ба Осиёи Марказӣ нахуст ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Мо Британияи Кабирро ба ҳайси шарики муҳим дар Аврупои Ғарбӣ мешиносем. Кишвари мо ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо Подшоҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд”, - изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дэвид Кэмерон дар навбати худ аз густариши назарраси робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва дурнамои хуби он изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ муҳокима карданд.

Тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ низ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.

Ҷалби сармояи Подшоҳӣ ба бахшҳои саноати кӯҳӣ, металлургӣ, сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва соҳаи кишоварзии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти тавлиди “энергияи сабз”, гузариш ба “иқтисоди сабз” ва татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба пешбурди “иқтисоди рақамӣ” изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Роҳандозии ҳамкории кишварҳо дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим, муҳоҷирати корӣ гуногунсозии хатсайрҳои ҳавопаймоӣ байни давлатҳо аз мавзуъҳои дигари мулоқоти имрӯза буд.

Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳӣ дар самти ҳифзи амну субот дар минтақа низ баррасӣ гардид.

Сарчашма:president.tj