User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

6 апрел пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Боку баргаштанд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми самимӣ меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон давоми ду рӯз - 5 ва 6 апрел идома ёфт. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

                                                                                                                                    Сарчашма: president.tj