User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

28 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст масъалаҳо Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 ва Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 баррасӣ гардид.

Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳисобот дод.

Ҳамчунин Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 ва Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 ҳисоботи вазири молия, раиси Кумитаи андоз, раиси Хадамоти гумрук, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони Бонки миллӣ ва Бонки Давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири саноат ва технологияҳои нав, вазири кишоварзӣ, раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шунида шуд.

Бо натиҷагирӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз ҳисоботу гузоришҳои пешниҳодгардида бармеояд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022, бо вуҷуди таъсири буҳронҳои иқтисодиву сиёсии ҷаҳони муосир, идома ёфтани низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронии аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешидашуда рушди иқтисоди миллӣ, дар маҷмӯъ, дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 46, 2 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2022 нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 102 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 15,1 миллиард сомонӣ ворид шуд.

Рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,3 фоиз, кишоварзӣ 7,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 2,5 фоиз, боркашонӣ 18,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 12,8 фоиз, мусофиркашонӣ 11,1 фоиз ва гардиши савдои дохилӣ 8,6 фоиз таъмин гардид.

Сатҳи таваррум дар нимсолаи якуми соли 2022 4,1 фоизро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 7 фоиз ва молҳои ғайриозуқа 2,3 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар давраи ҳисоботӣ сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, бахусус ноустувории вазъи сиёсию иқтисодӣ, пастравии нархҳои ҷаҳонӣ ба молҳои асосии содиротии кишвар ва дигар тамоюлоти манфӣ, суръати мусбии рушди иқтисодӣ ва суботи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки дар соли 2021 сатҳи даромаднокии аҳолӣ 23 фоиз боло рафт.

Баъди таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраву самараноки нақшаҳои давлатӣ ба Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарияти Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук вазифадор шуданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатиро дар соли 2022 таъмин намоянд.

Сарвари давлат супориш доданд, ки барои дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ доир ба ҷалби маблағҳои иловагӣ, бахусус, грантҳо вусъат бахшанд.

Президенти мамлакат ба Ҳукумати кишвар ва ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои андоз ва минбаъд роҳ надодан ба пайдоиши онҳо чораҳои қатъӣ андешида, аз натиҷааш то охири соли ҷорӣ ба Президенти кишвар ҳисоботи хаттӣ пешниҳод намоянд.

Мувофиқи маълумот дар нимсолаи якуми соли 2022 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 1,7 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки 96,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат супориш доданд, ки вазорату идораҳои масъул дар самти ҷамъоварӣ ва пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои воқеии даромад, пешгирӣ намудани пайдоиши бақияпулиҳо ва коҳиш додани бақияпулиҳои мавҷуда пайваста корбарӣ намуда, воридоти саривақтии андози иҷтимоиро аз корхонаву ташкилотҳои фаъолияткунанда таъмин намоянд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ корҳо ҷиҳати татбиқи ҳадафи стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар идома пайдо карда, бо мавриди истифода қарор додани 137 корхонаи нав ва тақвияти фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии мавҷуда рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 117,3 фоиз таъмин гардидааст.

Бо вуҷуди ин, суръати рушд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 банди фоизӣ кам шудааст, ки асосан аз ҳисоби саноати истихроҷ 41,7 банди фоизӣ ва саноати коркард 2,4 банди фоизӣ ба вуҷуд омадааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор корро ҷиҳати таъмин намудани суръати баланди рушди ҳамаи соҳаҳои саноат ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятноки соҳа тақвият бахшад.

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишвар истеҳсоли орд 35 фоиз кам шудааст.

Вобаста ба ин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ассотсиатсияи воридкунандагон ва коркардкунандагони ғалла ва маҳсулоти ғалладонагӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати мунтазам ворид намудани гандум аз хориҷи кишвар инчунин, дарёфти роҳҳои алтернативии воридоти он бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Вобаста ба бартараф намудани мушкилот ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо дар бахши энергетикаи кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони масъул супориш доданд, ислоҳоти сохтории соҳаро тақвият бахшида, дар ин замина самаранокии фаъолияти низоми энергетикии кишварро таъмин намоянд.

Инчунин, супориш дода шуд, ки шахсони масъул ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми муосири назорат, баҳисобгирии неруи барқ ва кам кардани талафоти он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тадбирҳои таъхирнопазирро роҳандозӣ намоянд.

Бо вуҷуди он ки дар нимсолаи якуми соли 2022 рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 107,2 фоизро ташкил кардааст, вале ҳанӯз ҳам имконияту захираҳои мавҷудаи кишвар дар самти мазкур пурра ва самаранок истифода намешаванд.

Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат, аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳоқимияти давлатиро вазифадор карданд, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ фаъолиятро дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани се – чор ҳосил, афзоиш додани майдони кишти зироатҳои таъиноти ғизоӣ, хусусан, дар кишти такрорӣ, аз ҷумла дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини муттасили бозори дохилӣ, содироти меваю сабзавот ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшида, дар ҳар як оила захира намудани озуқавориро барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023 ва мавсими соли оянда таъмин намоянд.

Алалхусус, ба роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, вазорату идораҳои дахлдор, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки доир ба истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаҳои доимамалкунанда ва анбору сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот, ба роҳ мондани парвариши тухмиҳои репродуксионии баландсифат ва ба иқлим тобовар, бунёду барқарорсозии боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ ва дастгирии ҳаматарафаи хоҷагиҳои кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Сарвари давлат ҳамчунин дастур доданд, ки ҷиҳати рушди босуръати соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳидорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои зикршуда иҷрои барномаҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабулшуда сари вақт ва босифат таъмин гардида, назорати иҷрои онҳо бояд ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат доир ба натиҷаҳои соли гузашта вобаста ба фаъолияти марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва ислоҳи норасоиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода буданд, вале дар татбиқи баъзе лоиҳаҳо то ҳанӯз камбудиҳо ба назар мерасанд.

Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои соҳавӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ вазифадор шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳоро дар самти татбиқи саривақтӣ, сифатнок ва шаффофи лоиҳаҳо, хусусан, доир ба азхудкунии самараноки маблағҳо тақвият бахшанд.

Ҳамзамон бо ин, ба роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки фаъолияти худро дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ҷоннок намуда, ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, бахусус, сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Таъкид гардид, ки вобаста ба ҳолати мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон вазъи молиявию иқтисодии давлатҳои шарики тиҷоратии кишвари мо хеле ноустувор гардидааст.

Дар аксари кишварҳои ҷаҳон захира кардани маводи ғизоӣ, манъ ё маҳдуд намудани содироти маҳсулоти ниёзи аввал, ҳолатҳои камчинӣ ва болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ ба мушоҳида мерасанд, ки чунин вазъ ба бозори истеъмолии Тоҷикистон низ таъсир расонида истодааст.

Вобаста ба ин Президенти мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи сӯзишворӣ ва озуқаворӣ дар бозори дохилӣ вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ассосиатсияҳои воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ ва ғалла барои таъмин намудани талаботи аҳолии кишвар бо ин намудҳои маҳсулот чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо мақсади кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти сӯзишвории воридотӣ ва татбиқи принсипҳои «иқтисоди сабз» зарур аст, ки дар кишвар ҷараёни гузариш ба воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт бо истифода аз манбаъҳои алтернативии энергия, аз ҷумла гази моеъ вусъат дода шавад.

Дар охири суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз зарурати таҳияи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ, ки дар асоси он таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ гардидаанд, ёдовар шуда, намояндагони Ҳукумати мамлакат дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор карданд, ки бо истифода аз тамоми иқтидорҳои мавҷуда барои амалисозии нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ ва маҳаллӣ, бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвар чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳон бори дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки барои иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар созанд.

Дар ин раванд, таъмин намудани рушди ҳаматарафаи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақим, афзоиш додани содироти маҳсулот, беҳтар намудани дастрасии корхонаҳои истеҳсоливу хоҷагиҳои деҳқонӣ ба захираҳои молиявӣ ва тақвият бахшидани инфрасохтори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пурзӯр намудани ҳамкориҳои минтақавӣ ва истифодаи пурраи имкониятҳои сайёҳӣ, вазифаҳои аввалиндараҷаи аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо маънидод гардид.

Роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони Ҳукумати мамлакат аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки аз таҳлилҳои имрӯза хулосаҳои зарурӣ бароварда, бартараф кардани мушкилоту камбудиҳои зикршуда, тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода, дар навбати аввал, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва ҳамзамон бо ин, барои ду сол захира кардани маҳсулоти ниёзи аввалро дар ҳар як оила шахсан назорат намоянд ва камбудиҳои ҷойдоштаро дар ҷояш ва сари вақт бартараф созанд.

Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, баррасӣ карда шуд.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, ки бо мақсади муайян кардани стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳудуди шаҳраки Данғара таҳия шудааст, ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода шунида шуд.

Дар охири кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, захираи кофии маводи озуқа, сӯзишворӣ, тайёрӣ ба соли нави хониш, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, таъмини асбобу анҷоми хониш, ташкили намоиш-фуруши сару либоси мактабӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.

                                                                                             

                                                                                           Сарчашма: president.tj