Хабарҳои агентӣ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 414
Истиқлолияти Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбад, мо азми қавӣ дорем, ки бо бунёди иншоотҳои азими гидроэнергетикӣ, комуникатсионӣ ва густариши ислоҳот дар ҳама соҳаҳои ҳаёт истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ ва рушди саноати миллиро таъмин намоем, кишварамонро аз бунбасти комуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, робитаи мустақими онро бо шоҳроҳҳои бузурги байналмилалӣ ва бандарҳои обии ҷаҳон ба роҳ монем.
Эмомалӣ Раҳмон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 474
Барои он, ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад бояд, мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем.
Эмомалӣ Раҳмон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 426
Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 465
Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.
Эмомалӣ Раҳмон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 483
ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар партави ин сиёсати созанда байни вазифаҳои муҳими давлатдорӣ масъалаҳои кадрсозӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои инсонӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ дар навбати аввал гузошта шуданд.
Бо таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад».
Муфассал: Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 404
Истиқлолият барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 373
Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем.
Эмомалӣ Раҳмон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 583
Ҳамкасбони гиромӣ!
Бо як ҷаҳон ифтихору саодатмандӣ аз амалӣ гардидани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба якояки Шумо таҳният мегӯям.
Бо таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад».