User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
   Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва салоҳияти кадрҳои хизматчиёни давлатӣ дар самти сиёсати муҳоҷират, курси такмили ихтисос аз руйи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ва дигар суханрониҳои барномавии худ пайваста ба зарурати тарбияи кадрҳои баландихтисос, дорои ҷаҳонбинии васеъ, донишҳои амиқи касбӣ ва сиёсӣ, малакаҳои идоракунӣ ва қобилияти ташкилотчигӣ таъкид менамоянд. Пешвои миллат ҳамзамон ба рушди масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, забондонӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир дар миёни хизматчиёни давлатӣ аҳамияти махсус медиҳанд.
    Дар ин замина, мутобиқи Нақша-ҷадвали курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2025, ки бо қарори Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, курси мазкур барои сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз ёфт.
    Дар маросими ифтитоҳи курс намояндагони баландмақоми ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, ноиби якуми ректори Академияи идоракунии давлатӣ Одиназода Фирдавс Ҷалил ва муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират Маҳмадулозода Хайриддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни курс, ки дар давоми 46 соат аз 14 то 19 апрели соли 2025 баргузор мегардад, иштирокчиён бо муҳтавои сиёсати давлатии муҳоҷират, масъалаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва байналмилалии он шинос шуда, малакаҳои касбии худро таҳким мебахшанд.
Дар анҷоми курс баргузории мизи мудаввар пешбинӣ шуда, иштирокчиён бо «Гувоҳнома» қадрдонӣ мегарданд.