User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

   Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.  Ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар якҷоягӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

        

Имрӯз курси азнавтайёркунӣ барои хизматчиёни давлатии сохторҳои мақомоти иҷроияи мауаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки солҳои 2023-2024 ба хизмати давлаӣї қабул гардидаанд, аз руйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷалби 100 нафар, ки 7 апрели соли 2025 оғоз гардида буд, ҷамъбаст карда шуд.

  Дар ҷамъбасти курси мазкур бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, ноиби якуми Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Одиназода Фирдавс Ҷалил ва муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Сайдаҳмадзода Дилором мизи мудаввар ташкил карда шуда, ба шунавандагон ҷиҳати боз ҳам такмил додани донишҳои касбӣ ва дар фаъолияти минбаъда истифодаи донишҳои андӯхта дар давоми курси мазкур тавсияҳо дода шуд. 

   Дар ҷамъбасти курси мазкур ба шунавандагон «Гувоҳнома» тақдим карда шуд.