Омода намудани кадрҳои баландихтисос ва такмили пайвастаи донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ буда, дар ин самт мунтазам бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ тадбирҳои зурурӣ андешида мешавад.
Мувофиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ таҳсили хизматчиёни давлатӣ имтиёзи давлатӣ буда, бояд хизматчии давлатӣ дар се соли фаъолият як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад. Дар ин замина курси азнавтайёркунӣ барои хизматчиёни давлатии сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки солҳои 2023-2024 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, аз рӯи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Қурбонзода Ҳилобӣ Ҷумъахон, ноиби якуми Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Одиназода Фирдавс Ҷалил ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Ҳамидзода Шоҳрух Бозор оғоз гардид.
Курси мазкур давоми 46 соат аз 7 то 12 апрели соли 2025 идома ёфта, дар ҷамъбаст мизи мудаввар ташкил карда шуда, ба шунавандагон «Гувоҳнома» тақдим карда мешавад.