Интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ тавассутӣ озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ин масъала ҳамеша зери назорати мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ қарор дорад.
Дар робита ба ин, аз 27 феврали соли 2025, №33 фармоиши директори Агентии хизмати давлатӣ «Дар бораи баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Љмњурии Тољикистон дар шањри Душанбе, шањру ноњияњои тобеи љумњурї) ба тасвиб расид.
Матни эълон аз 28 феврали соли 2025 дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ бо нишонаи сомонаи Агентии хизмати давлатӣ www.ahd.tj дар гушаи «Озмун» ҷой дода шуда, дар рӯзномаи «Ҷумњурият» нашр карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар рӯзномаи «Ҷумњурият» қабул карда мешаванд.Мумкин аст, ки ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ тавассути почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод карда шаванд.
Дар озмун довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки ба талаботи тахассусии мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ва Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (бо тағйиру иловаҳо аз 19 апрели соли 2017, №869, аз 18 феврали соли 2020, №1458, аз 1 апрели соли 2023, №544), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2016, №647 тасдиқ карда шудааст, мувофиқат мекунанд.
Бо мақсади дастрасӣ ба талаботҳои тахассусии мансабҳои мазкур (уҳдадориҳои мансабӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият, дастурамалҳои мансабии мансабҳои ба озмун пешниҳодшуда ва номгӯйи саволҳои озмун) хоҳишмандон метавонанд дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ шинос шаванд.
Суроғаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, индекс: 734003, телефон/факс: (37) 224-02-74, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj