User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 29 декабри соли 2024 дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) ҷиҳати омодасозии кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Япония даври якуми озмун (TOEFL) бо иштироки 43 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ дар Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардид.

Дар рафти озмун намояндагони Агентии хизмати давлатӣ,  Дафтари Лоиҳаи JDS дар Тоҷикистон ва Маркази консулии Амрико дар Душанбе иштирок намуданд.

Мақсади озмуни мазкур интихоби кадрҳои болаёқат ҷиҳати фаро гирифтан ба таҳсил дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои бонуфузи Япония дар солҳои 2025-2027 мебошад.

Дар доираи ҳамкориҳои мазкур солҳои 2011-2024 136 (зан-25) нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, 105 (зан-20) нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, 41 (зан-2) нафар ё 39,0 фоиз аз мансаби то таҳсил ишғолнамуда аз 1 то 6 категория боло фаъолият доранд.

Айни замон таҳсили 31 нафар (30 нафар дар магистратура ва 1 нафар дар докторантура) идома дошта, муҳлати таҳсил дар магистратура 2 сол ва дар докторантура 3 сол муқаррар гардидааст.

Дар як вақт барои давраи нави таҳсил (солҳои 2025-2027 барои магистратура, солҳои 2025-2028 барои докторантура) заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Ёддоштҳои табодулӣ, Созишномаи грантӣ ва Қарордод оид ба хизматрасонӣ ҷиҳати идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ба имзо расонида шуда, татбиқи онҳо идома дорад.

Дар доираи татбиқи санадҳои мазкур давоми соли 2025 16 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ барои таҳсил ба курсҳои магистрӣ ва доктории донишгоҳҳои Япония (Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Япония, Донишгоҳи Хиросима, Донишгоҳи Ритсумейкан, Донишгоҳи Акита ва Донишгоҳи Дошиша) фиристода мешаванд.

        

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон