User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 22 ноябри соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Давлатов Ҷ.М. - директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимшо Меҳрӣ - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Қурбонзода Ҳ.Ҷ. - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Ҳамидов Шоҳрух Бозорович - директори  Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракуни давлатӣ Анвар Яқубӣ - муовини раиси вилояти Суғд,  роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони дастгоҳҳо, мудирони шуъбаҳо, бахшҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  баъзе раисони ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, кормандони дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ ва кормандони шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ҳолати ҷалби хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба такмили ихтисос дар давраи солҳои 2022-2024 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рафти ҷалсаи сайёр қайд гардид, ки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Ашт, Шаҳристон, Исфара, Панҷакент ва Деваштич давоми солҳои 2022-2024 оид ба ҳолати иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ мавриди санҷиш қарор дода шуданд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии санҷидашуда фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, нақшаҳои корӣ барои солҳои 2022 - 2024 ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини иҷрои қонунҳо, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию бунёдкорӣ, таҷлили санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои умумимиллӣ, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қабули шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои доираи ваколат корҳои муайянеро ба анҷом расондаанд.

Ҳамчунин ҳангоми татбиқи технологияҳои кадрии хизмати давлатӣ, аз ҷумла интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба як қатор камбудиҳо роҳ додаанд, ки дар рафти санҷиш ошкор карда шуда, аз натиҷа санадҳои дахлдор тартиб дода шуда, ҷиҳати бартрафсозӣ ба мақомоти зикршуда ирсол карда шуданд.

Вобаста ба масъалаи ҷалби хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба такмили ихтисос қайд гардид, ки дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад.

Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳои барномавӣ ба омода намудани кадрҳои баландихтисос ва такмили пайвастаи донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 таъкид доштанд, ки «барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати фаъолияти идоракунии давлатӣ бештар ба тарбияи кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбиниву дониши амиқи касбиву сиёсӣ, қобилияти ташкилотчигиву кордонӣ, малакаи идоракунӣ, инчунин шахсони масъулиятшиносу ватандӯст, забондон ва аз технологияи муосир бархурдор таваҷҷуҳ бояд кард».

Таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар асоси талаботи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ амалӣ карда шуда, дар шакли тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ сурат мегирад ва зарур аст, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҷиҳати иҷрои меъёри мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Мувофиқи қисми сеюми моддаи 120 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст, ки барои ҷалби кормандон ба таҷрибаомӯзӣ, тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос шароит муҳайё намояд.

Мувофиқи банди 5 Қоидаҳои таҳия ва амалӣ намудани фармоиши давлатӣ оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, №266 тасдиқ карда шудааст, таҳсили хизматчиёни давлатӣ имтиёзи давлатӣ буда, бояд хизматчии давлатӣ дар се сол як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад.

Мувофиқи талаботи банди 3 Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 24 августи соли 2011, №153 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2011, №436«а» ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, барои хизматчиёни давлатӣ мунтазам баланд бардоштани тахассуси касбӣ (на камтар аз як маротиба дар 3 сол) ҳатмӣ мебошад.

Масъалаҳои мазкур мавриди муҳокимаи васеи иштирокчиён қарор дода шуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта муайян карда шуданд.

 Дар  ҷамъбасти ҷаласаи сайёри мазкур директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва ҷалби бештари хизматчинёни давлатӣ ба такмили ихтисос ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода, вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул ва  барои иҷро пешниҳод карда шудаанд.

 

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон