User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

      Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик  нақши воло доранд.

        Cарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва ватани мо, барои  нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.

Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомонӣ, рӯзгори нобасомон ва  шикастаруҳии мардуми мо, тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато овард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва ин роҳи наҷотро ҳамчун тӯҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шӯълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистон муттаҳид гардиданд.

Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем.   

          Мувофиқи таҳлилу омўзишҳо ва аз натиҷаи суҳбатҳои доиргардида бо ҳамсинфон, муаллимон, ҳамкорон ва дигар наздикони Пешвои миллат, ки тавассути воситаҳои ахбори омма пайваста пахш мегарданд, собит менамоянд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар  арсаи сиёсат шахсияти тасодуфӣ нестанд.

Ҳанӯз зимни  таҳсил дар мактаби таҳсилоти миёна ва ҳангоми  фаъолияти корӣ бо хислатҳои наҷиби худ, бо рафтор ва гуфторашон аз дигарон фарқ карда, бисёр болаёқат ва ҷиддияту масъулияти баландро  нишон медоданд.

Рўҳи матин ва ғурури миллии тоҷикона ўро ҳамвора дастгир аст. Меҳвари ин ҳама ҳуввияти миллӣ ва ватандўстиро домони поки модар ва тарбияи башардӯстии оила ташкил медиҳад.

Офаридгор ба ин абармард арзандатарин истеъдодро насиб гардонидаааст.

Баъзе инсонҳо аз модар бузург таваллуд мешаванд, баъзеи дигар худро бузург нишон медиҳанд ва баъзеи дигар сипас бузург мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи нафароне ҳастанд, ки  аз модар бузург таваллуд шудаанд ва ҳамвора бо бузургиву матонати худ ҳамчун Пешвои миллат, халқро бо созандагиву бунёдкорӣ, ба худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватанпарастӣ ҳидоят намуда, дар олами башарӣ ҳамчун пешвои асри 21 эътироф ва дар қатори 500 мусалмони таъсиргузори дунё пазируфта шудааст.

Ҳамин меҳру муҳаббат ба Ватан буд, ки ҷомеаи парешонгаштаву ноумедгардидаи тоҷиконро зери ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, девори устувори бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохтанд.

Сабурӣ, ботамкинӣ, ҷавонмардӣ, хирадпешагӣ ва фарҳанги олии ў барои ҳар як фарди тоҷик мактаби омўзиш аст. Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки барои миллати тоҷик ва сиёсатмадорони дунё мактаби сулҳофарии худро бунёд намуда, пешниҳод кунад.

        Дар дафтари муаллиму омўзгор нест,

        Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.

Хусусан адои бомуваффақонаи уҳдадории шаҳрвандиашон, яъне хизмати ҳарбӣ дар Флоти баҳрии ҳарбии Уқёнуси Ором имкон дод, ки мактаби мардонагӣ ва санъати ҳарбиро омўхта, баъдан сарбаландона Артиши миллиро таъсис диҳанд ва фармондеҳӣ кунанд, барои ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва барои ҳифзи сарҳад инфрасохтори зарурӣ ва таҷҳизоти ҳарбиро ташкил ва фароҳам оранд. 

          Масъулият, ирода, қатъият, ҷиддияту лаёқатмандии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, роҳбарияти колхози ба номи Ленини ноҳияи  Данғара соли 1976 ўро ба ҳайси котиби Правленияи колхоз интихоб менамоянд. Ҳамин тавр, мактаби роҳбарии шахсони корозмударо то соли 1988 аз бар менамоянд.

          Дар як вақт дар солҳои 1976-1982 дар факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил карда, назарияи идоракунии иқтисодиро аз худ мекунанд. Ҳамзамон ба аъзогии ҳизб пайваста, дар мактаби ҳизбӣ аз такмили ихтисос гузашта, дониши идоракунии давлатиро аз худ намудаанд.

          Сипас, раиси кумитаи иттифоқи касабаи колхоз интихоб гардида, саҳми худро дар ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии аъзоёни колхоз мегузоранд, ки ҳисси баланди мардумсолориашонро ҳанӯз аз ҳамон давраҳо шаҳодат медиҳад.

Донишу малака ва дигар хислатҳо, аз ҷумла қобилияти кордонию ташкилотчигии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, соли 1988 роҳбарияти ноҳия номзадиашонро ба ҳайси директори совхози ба номи Ленин пешбарӣ менамояд. Яке аз собиқ роҳбарони хоҷагии ҳамон вақта тавассути барномаи телевизионӣ ёдовар гардид, ки  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи фаъолияташон дар мансаби директори совхоз дар замони шўравӣ ҷуръат карда бо ташаббуси худ заминҳои хоҷагиро ба деҳқонон тақсим намуданд, ки дар натиҷа анборҳо пури ғалла гардидаанд.  Бо ин корашон хоҷагиро ба яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳия муаррифӣ карданд.

Зимни баёни назару андеша Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ дар яке аз барномаҳои телевизионӣ иброз намуданд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон вақтҳое, ки  дар ноҳияи Данғара сарвари хоҷагӣ буданд, зеҳн ва иродаи қавӣ дошта, ростқавл ва адолатпеша буданд.

Дорои чунин хислатҳои сиёсӣ ва касбӣ будан боиси дар интихоботи соли 1990 аз ҷониби сокинони ноҳияи Данғара бо роҳи алтернативӣ вакили халқи Шўрои Олии РСС Тоҷикистон интихоб   гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуданд.

Бояд қайд кард, ки  фаъолияти ў ба давраи ҳаракатҳои истиқлолиятхоҳӣ, пошхўрии давлати Шўравӣ ва гирифтории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рост омада,  ба ҷавониаш  нигоҳ накарда, дар иҷлосияҳои Шўрои Олӣ оид ба аксарияти масъалаҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фикру андешаҳояшро баён менамуданд.

Аз ҷумла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳузури собиқ Президенти мамлакат шодравон Раҳмон Набиев боҷуръатона баромад карда, роҳҳои ҳалли буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар мамлакат ва минтақаҳои алоҳидаи он  пешниҳод намуданд.   

Дар минбаъда дар моҳи октябри соли 1992 Ҳукумати мамлакат ба сабаби авҷ гирифтани даргириҳои низомӣ байни нерўҳои мухолифи сиёсӣ фалаҷ гардида, ба истеъфо меравад.

Пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ба саҳнаи даргириҳои мусаллаҳона ва ҷанги бародаркуш мубаддал шуда, Тоҷикистонро фалокати аз байн рафтан таҳдид менамуд. Вазъияти вазнини сиёсӣ ба дараҷае расида буд, ки Президенти Тоҷикистон шодравон Раҳмон Набиев дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби нерўҳои мусаллаҳи мухолиф ба муҳосира гирифта шуда, ба истеъфо маҷбур карда шуд.

         Ман шахсан шоҳид будам, мегўяд Адолат Раҳмонова-иштирокчии Иҷлосия, дар пойтахт дар оғози гирдиҳамоиҳо якчанд депутат ва аъзои Ҳукумат гаравгон гирифта шуда буданд. Дар натиҷаи ин нофаҳмиҳо ва муқовиматҳои сиёсӣ якчанд вакил (дупутат)-ро низ аз даст доданд. Вазъи бамаломада гувоҳӣ медод, ки Ҳукумати муросои миллӣ, Шўрои Олӣ  ва Раиси он фаъолият карда наметавонад.

          Дар воқеъ минтақаи Кўлоб 7 моҳ дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт.  Аз бемории гелиотроп ва гуруснагӣ  одамон мефавтиданд ва азият мекашиданд. Дар чунин шароит  соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои халқи вилояти Кўлоб таъин гардид ва аҳолии минтақаро дар атрофаш муттаҳид сохт ва кўшишҳо ба харҷ дод, ки вилоятро бо орд таъмин намояд ва пеши роҳи беморӣ ва бетартибиҳо гирифта шавад.

          Дар дигар минтақаҳо низ номуайянӣ ҳукмфармо буда, ба аҳолии шаҳри Душанбе нон намерасид. Вазъият дигаргунии кулиро тақозо мекард. Дар ин давраи хатарнок ягон кас ё сохтор бехатарии вакилони халқро кафолат намедод.

          Бинобар ин  иҷлосияи таърихии шонздаҳуми  Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд даъват карда шуд ва  дар толори Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 ифтитоҳ гардид.

          Вақте, ки  Раиси Шўрои Олӣ Акбаршо Искандаров  истеъфо дод, зарурияти интихоби Раиси нави Шўрои Олӣ ба миён омад.  Дар чунин вазъияти мураккаб давлатро шахсе идора карда метавонист, ки иродаи қавӣ дошта, ба миллат содиқ бошад. Яъне аз интихоби дурусти вакилон ояндаи тақдири  миллат вобаста буд.

         Вакилони мардумӣ дар симои  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахсро диданд ва овоз доданд.

         Ҳамин тавр, дар Иҷлосия  Раиси Шўрои Олӣ,  Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд ва  аз ҳамин рўз сохтори конститутсионӣ  таҳким ёфта,  Ҳукумати мамлакат дар ҳайати нав таъсис ёфт ва масъалаи роҳандозӣ намудани  сиёсати давлатии кадрҳо ба миён гузошта шуд.

        Дар муддати як сол  имконият пайдо гардид, ки дастгоҳи давлатии фалаҷгардида ва мақомоти идоракунии харобгардида барқарор карда шуда, вазъияти ҷумҳурӣ таҳти назорати марказ қарор дода шавад.

         Бо вуҷуди душвориҳои иқтисодӣ Артиши миллии Тоҷикистон  таъсис  ёфт, мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Умури дохила, Прокуратура ва дигар вазорату идораҳои кишвар барқарор гардиданд. Муҳимтарин кор боз он буд, ки  дар ноҳияҳои бар асари ҷанг тамоман харобу фалаҷшуда, ҳокимияти халқӣ, мақомоти идоракунӣ ва таъминкунандаи  ниёзи мардум таъсис ёфта, фаъолияташонро дар шароити нави иқтисодию сиёсӣ оғоз намуданд. Президуми Шўрои Олӣ, Шўрои вазирон як силсила қарору фармонҳое қабул карданд, ки  асосан ба манфиати халқ равона шуда буд.

 Ин далели он мебошад, ки  ташаккули асосҳои ҳуқуқии фаъолият намудани  сохторҳои зикршуда низ оғоз ёфтанд ва дар ҳамон давра  тадбирҳои мазкур фаъолияти дастгоҳи давлатиро бо мақсади таъмини идораи инкишофи ҷамъият ва устуворию амнияти он кафолат медоданд.

            Дар робита директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили  санаи  23 июн ҳамчун Рӯзи хизмати давлатии Созмони Милали Муттаҳид чунин иброз намуданд: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тавассути сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ, аз ҷумла, масъалаҳои таъминоти кадрӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидорҳои кадрӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ ба вазифаҳои афзалиятноки давлатӣ табдил ёфтанд. »

Маҳз Иҷлосияи таърихии  шонздаҳуми Шурои Олӣ сароғози таърихи навини мо ба шумор меравад. Пеш аз ҳама дар ин Иҷлосия қарор дар бораи сохти идоракунии давлат қабул гардид, яъне сохтори давлатдории Президентӣ ба идоракунии парламентӣ иваз карда шуд, ки ин иқдом албатта талаботи рўз ва тақозои вазъи сиёсии он давра буд.

Иҷлосияи  таърихии  шонздаҳуми Шурои Олӣ  сохти конститутсиониро дар кишвари тозаистиқлоли мо барқарор сохта, барои ташкил ва фаъолияти пурсамари тамоми сохторҳои давлатӣ асоси қонунӣ гузошт ва дар солҳои минбаъда ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми бо амри таърих парешонгаштаи моро ба ҳам оварда, ваҳдати саросарии халқи Тоҷикистонро таъмин намуд ва барои тараққиёти  минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон заминаи боэътимод фароҳам овард.

Дар бораи  нақш ва аҳамияти таърихии ин Иҷлосия  ақидаҳои гуногун баён шудаанд, вале моҳияти он як аст. Яъне хулоса кардан мумкин аст, ки таҳкимёбии пояҳои асосии сиёсию ҳуқуқии кишварамон аз ин Иҷлосия сарчашма гирифта, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмӣ гардид ва дар оянда   ба оштии ҳамагонӣ оварда расонид.

Ин Иҷлосия наҷотбахш ва сарнавиштсоз арзёбӣ гардида,  дар он  нафаре ба сари ҳокимият омад, ки симояш ва сираташ тоҷикона буда, ҳастиаш баҳри ин миллату халқ бахшида шудааст.

          Бояд тазаккур дод, ки  Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҳамин Иҷлосия оғоз мегардад. Зеро дар маҷмўъ, дар ин Иҷлосия таҳти раисии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   зиёда аз 74 қонун, қарор ва фармон ба тасвиб расид, рамзҳои давлатӣ нишон ва парчам қабул шуд, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард. Аз тарафи дигар он санадҳо барои солҳои баъдии мардуми кишвари дорои собиқаи бузурги таърихӣ чун як барномаи мукаммал ҳисоб ёфтанд. Зеро дар партави қарорҳои иҷлосияи мазкур ва такя ба соҳибистиқлолии давлатӣ рушди имрўзу фардои кишвар ба чунин дастури ҷиддан таҳиягардида эҳтиёҷ дошт.

          Ман худам ҳамон вақтҳо дар шаҳри Душанбе фаъолият ва зиндагӣ мекардам ва бесаброна ба эътидол омадани вазъиятро дар шаҳри Душанбе ва дитгар минтақаҳои кишвар интизорӣ мекашидам.

           Вақте, ки Президенти мамлакат  Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданд ва ба минбар баромада  гуфтанд, ки «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам» ва бо бусидани парчам бо забони форами тоҷикӣ Савганд ёд карданд: «то он вақте дил дар синаам метапад, ҳастиамро ба Ватан ва мардуми худ мебахшам, тамоми қуввату ғайрат ва донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, ба хотири шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона заҳмат мекашам», вуҷуди манро ҳаяҷон фаро гирифт ва эътимоди манро дар чунин вазъияти ҳассос барои умед бахшидан ба ояндаи дурахшону тинҷиву осоиштагӣ дар Ватан ба вуҷуд овард.

           Бо вуҷуди он, ки зодаи минтақае ҳастам, ки дар он ҷой қувваҳои оппозитсионӣ нуфуз доштанд, ман сиёсати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб кардам. Ин аст, ки то имрўз  пайрав ва дар партави сиёсати пешгирифтаи  Сардори давлат дар Ватани маҳбубамон кору фаъолият мекунам ва қадрдонӣ ҳам шудаам ва минатдории хешро бо шеъри шоире баён мекунам:

Шукри Истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард.

Шукри бому хонаву дар мекунем.

          Тибқи тағйиру иловаҳо 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат» ворид карда шуд.

         Сипас, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2016, №1356 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат» қабул гардид. Тибқи моддаи 2 Қонуни конститутсионии мазкур ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Эмомалӣ Раҳмон, шахсияти барҷастаи таърихии миллат, дар иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳукуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузург намудааст, эътироф гардидааст. Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Боварӣ дорам, ки хизматчиёни давлатӣ ҳамчун нерўи пешбарандаи ҷамъият ва пайравони Пешвои миллат ҳидоятҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  шиори фаъолияти ҳамрўзаи худ қарор медиҳанд, ки гуфтааст: «Мо аз он роҳе, ки ҳанўз дар Иҷлосияи шонздаҳуми  Шўрои Олӣ интихоб карда будем, ҳеҷ гоҳ барнамегардем.»

 

Толибов Р.Ғ., унвонҷўи

 Академияи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон