Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор карда шуд.
Дар кори конференсияи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Файзиддинзода Бунафша, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо, инчунин ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» иштирок ва сухаронӣ намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва амалисозии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2022-2030 дар байни занону духтарони соҳаи хизмати баргузор карда мешавад.
Мақсад ва ҳадафҳои баргузории озмуни мазкур таъмини бештари иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва хизмати давлатӣ арзёбӣ мегардад.
Дар озмуни мазкур 221 хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот аз ҳисоби занон дар даврҳои якум ва дуюм, ки аз моҳи май то инҷониб идома дошт, иштирок намуда, 72 нафари онҳо ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифтанд.
Аз рӯи натиҷаҳои баргузории даври ниҳоии озмун 27 нафар хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ гардида, ба 38 нафар занону духтарони хизматчии давлатӣ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои минбаъда тавсияҳо дода шуданд.
Дар қатори ғолибони озмун як нафар зан-хизматчи давлатӣ, корманди Агентии хизмати давлатӣ Фарзона Рустамова - сармутахассиси шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатии Агентӣ бо ишғоли ҷойи 2-юм дар байни хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ бо диплом, ҷоми ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.
Дар ҷамъбасти озмуни мазкур аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ба иштирокчиёни даври ниҳои китоби «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ» дастрас карда шуд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон