User Rating: 1 / 5

Star ActiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амали Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июни соли 2021, №187) 10 октябри соли 2024 дар ноҳияи Нуробод ва 11 октябри соли 2024 дар ноҳияи Тоҷикобод вохӯриҳо бо хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, имомхатибон, соҳибкорон, дигар табақаҳои аҳолии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш дар мавзуи «Пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» баргузор карда шуд.

Дар вохӯриҳои мазкур Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич-директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷобирзода Додарҷон Пулод-раиси ноҳияи Нуробод, Фақерзода Қадриддин Аббос-раиси ноҳияи Тоҷикобод, Мавлоназаров Силмон Силтонназарович-профессори пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии оҷикистон, Акобирзода Дилшод Саидакбар-сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, Давлатов Зубайдулло-муовини сардори раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулло Қодирӣ-мудири шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимзода Олимҷон Миралӣ-ёрдамчии прокурори ноҳияи Нуробод ва Асомиддинзода Аҳлиддин Асомиддин ёрдамчии прокурори ноҳияи Тоҷикобод иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти вохӯриҳо қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро бар зидди хатарҳои муосир ҳамчун шарики муқовимат бо дигар давлатҳои дунё ҳадафмандона амалӣ намуда, дар ин самт омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи беамон тасдиқ мекунад.

Боиси сарфорозист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз баракати истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо азму талош дар марҳилаи навини давлатсозӣ қадамҳои устувор гузошта, аркони давлатдориро қавӣ, давра ба давра нақшаҳои азими бунёдкориро татбиқ, барои рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат ва рӯзгори осудаю шоистаи аҳолии кишварамон замина фароҳам меорад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар солҳои охир дар пеши роҳи амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамалакати азизамон душвориҳо эҷод карда мешаванд. Аз ҷумла, дар шароити муосир ба ҷомеаи Тоҷикистон ворид гардидани падидаҳои манфур, аз қабили ифротгароӣ (яъне экстремизм) ва даҳшатафканӣ (яъне терроризм) нигароникунанда буда, таъмини муқовимат ба онҳо ба зарурати воқеӣ (объективӣ) табдил ёфтааст.

Экстремизм ин ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зуроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани  масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст.

Экстремист шахсест, ки бо амалҳои тунди худ оид ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабӣ боиси ноустувор сохтани вазъи ҷомеа мегардад.  

Терроризм ҳамчун мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, амалияи таъсиррасонӣ ба раванди қабули қарорҳо аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад, ки ба зуроварӣ, тарсонидани аҳолии осоишта тавассути қатлу ғорат ё дигар амалҳои зуроваронаи ғайриқонунӣ асос ёфтааст.

Мутаасифона дар замони муосир дар арсаи байналмилалӣ фаъолияти экстремистию террористӣ аз тарафи қувваҳои мухталиф хеле фаъол гардида, терроризм ва экстремизм ба хатари ҷаҳонӣ (глобалӣ) табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш (таҳкула) овардааст. Таъсири он дар Тоҷикистон низ эҳсос мешавад.

Вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ ба афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро мусоидат мекунад. Ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар амалҳои зишти дохили давлатӣ ва низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ ин хатарро даҳчанд мегардонад.

Мо хизматчиёни давлатӣ, падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба мусоидат намуда, ба онҳо роҳи дурусти истифодаи нерӯи ҷавонӣ, бакамолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳем, то ки осебпазирии онҳо боиси ба доми афроди тундраву ифротгаро дармондани онҳо нагардад.

Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез бо истифода аз ин омил байни ҷавонон, ки аксарияти нуфузи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд, ихтилофот, аз ҷумла ихтилофи мазҳабӣ ба вуҷуд оварда, ба ин  васила низову муноқишаҳо меангезанд. Ин тоифа, ки асосан тағрибгарони саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи онҳо таъсир расонида, шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ гардонида, нерӯи бузурги нуҳуфтаи онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд, ки чунин амалҳо ба ҷомеаи мо, бахусус, давлатдории миллии мо  хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: «Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба варати нобудшавӣ оварда расонд».

Имрӯз бештар тақозо карда меашавад, ки ҳамаи мо, дар амалисозии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем, дастаҷамъона барои ҳимояи Ватани худ аз таъсири манфии амалҳои экстремистию террористӣ омода бошем.

Дар фарҷоми вохӯриҳо хизматчиёни давлатие, ки бори аввал ба хизмати давлатӣ ворид гардидаанд, тибқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тантана ва ҳиси баланди ватандӯстӣ савганд ёд намуданд.