Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27 сентябри соли равон мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар ташаккул ва рушди ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич - директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодиён Муҳаммад Султонзода - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғаюрзода Баҳрулло - мушовири калони Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор, Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо - судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нусратуллозода Одина Нусратулло - сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Изатуллозода Пайрав Нусратулло - муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва магистрантони «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», ки шаҳру ноҳияҳои кишварро намояндагӣ мекунанд, иштирок намуданд.
Директори Агентии хизмати давлатӣ миззи мудавваро ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз руйдодҳои муҳими кишвар буда, ин санади сарнавиштсоз, кору фаъолияти ҳар яки моро таҳлил намуда, самту роҳҳои расидан ба зинаҳои нави рушдро муайян месозад. Ҳар сол, дар ҳар паём аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои нави бунёдӣ гузошта мешаванд, ки моро ба марҳилаҳои нави рушд ва шукуфоӣ ҳидоят менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ санаи 28 декабри соли 2023 аҳаммияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишварро масъалагузорӣ ва таъкид доштанд, ки «...дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад» ва дар робита ба ин соли 2024-ро ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Дар мизи мудаввар намояндагони се шохаи ҳокимияти давлатӣ иштирок ва дар мавзуъҳои «Ташаккули парламенти касбии мамлакат», «Шарҳи баъзе меъёрҳои санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Маҷлиси Олӣ», «Нақши Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маърифати ҳуқуқи омили таъсирбахш дар таҳкими демократия» ва «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки дар моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ташкилию ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат арзёбӣ гардида, хусусиятҳои хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаро ифода менамояд.
Дар идомаи миззи мудаввар атрофи мавзуъҳои баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми мизи муддавар директори Агентии хизмати давлатӣ қайд намуданд, ки давоми соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқию маърифатӣ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардида, барои баланд бардоштани донишу малакаи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон