User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

         Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ санаи 25 сентябри соли ҷорӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории директори Агентии хизмати давлатӣ бо намояндагони роҳбарияти Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

         Дар вохӯрии мазкур Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич -директори Агентии хизмати давлатӣ, Вероника Айхингер, коршинос - сардори шуъбаи Шимолу Шарқӣ ва Осиёи Марказии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон, Макс Георг Майер - роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ, Саидова Зарина - роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Тоҷикистон иштирок намуда, дурнамои ҳамкориҳо барои солҳои 2024-2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

         Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд ва тӯлонӣ, ки аз соли 2009 то инҷониб идома доранд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

       Қайд карда шуд, ки ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) гуногунҷабҳа буда, дар самтҳои зерин роҳандозӣ карда мешавад. Аз ҷумла:

     -таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар зинаи магистратураи яксола ва дусола (солҳои 2009-2024 шумораи хатмкардагон 1078 (зан-294) нафар);

         -таҳсили хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон бо маблағгузории Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар зинаи магистратураи яксола ва дусола (солҳои 2011-2024 шумораи хатмкардагон 13 нафар);

         -ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ барои хатмкардагони магистратура бо мусоидати Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон);

      -ташкили курсҳои омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманд-хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо (солҳои 2019-2024 шумораи хатмкардагон 216 нафар);

         -ташкили курсҳои омӯзишӣ барои раисон ва вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот (солҳои 2022-2024 шумораи хатмкардагон 43 (зан-7) нафар).

         -ташкили конференсияҳои илмию амалӣ бо мусоидати Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон);

         -ташкили сафарҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ ба хориҷи кишвар, бахусус ба Ҷумҳурии Федералии Олмон.

         Намояндагони Бунёди Ҳаннс Зайдел омодагии худро ҷиҳати тақвияти  ҳамкориҳо дар ин самтҳо изҳор намуданд.

         Дар маҷмӯъ ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои минбаъда низ дар сатҳи баланд роҳандозӣ ва амалӣ карда мешавад.

  

Агентии хизмати давлати назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон