User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

  Т А В А Ҷ Ҷ У Ҳ:

 ДАЪВАТ БА ОЗМУН

      Интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ тавассутӣ озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ин масъала  ҳамеша зери назорати мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ қарор дорад.

        Дар робита ба ин, аз 24 сентябри соли 2024, №238 фармоиши директори Агентии хизмати давлатӣ «Дар бораи баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (сармутахассиси шуъбаи ташкилию иттилоотӣ, сармутахассиси бахши минтақавии Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ба тасвиб расид.

       Матни эълон аз 26 сентябри соли 2024 дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ бо нишонаи сомонаи Агентии хизмати давлатӣ www.ahd.tj  дар гушаи «Озмун» ҷой дода шуда, дар  рӯзномаи «Ҷумњурият» нашр карда мешавад.

       Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар рӯзномаи «Ҷумњурият» қабул карда мешаванд.  Мумкин аст, ки ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ тавассути почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод карда шаванд.

       Дар озмун довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки ба талаботи тахассусии мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ва Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (бо тағйиру иловаҳо аз 19 апрели соли 2017, №869,  аз 18 феврали соли 2020, №1458, аз 1 апрели соли 2023, №544), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2016, №647 тасдиқ карда шудааст, мувофиқат мекунанд.

       Бо мақсади дастрасӣ ба талаботҳои тахассусии мансабҳои мазкур (уҳдадориҳои мансабӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият, дастурамалҳои мансабии мансабҳои ба озмун пешниҳодшуда ва номгӯйи саволҳои озмун) хоҳишмандон метавонанд дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ  шинос шаванд.

    Суроғаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, индекс: 734003, телефон/факс: (37) 224-02-74, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj

                                                                      

                                                                                                                                                                                                           Шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ

                                    ва назорати Агентии  хизмати давлатӣ