Қавли маъруфи файласуфи бузурги олмонитабори садаи бист Мартин Ҳайдеггер (1889-1976) дар бобати «бинои ҳастӣ» будани забон ҳақиқати бебаҳс аст ва ҷойи шакку тардид надорад. Воқеан, бинои пойдори ҳастии ҳар қавму миллат дар ҳамаи давру замон забони модарии ӯст, ки на танҳо таъриху фарҳанг, одобу русум, балки дар маҷмуъ асолату рисолати ҳастии он қавму миллатро дар ойинаи тамомнамояш мунъакис мекунад.
Бинои пойдору мондагори ҳастии миллати куҳанбунёди тоҷик низ бидуни шак забони ширину шевои тоҷикист. Ба ин маънӣ, устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ соли 1991 дар хусуси вазъи онрӯзаи забони модарӣ зери унвони «Забони мо ҳастии мост» китобе ба нашр расонда буд. «Забони миллат – ҳастии миллат» ном гирифтани китоби Пешвои муаззами миллат ҳам, ки ҷилдҳои якуму дувуми он (2016, 2020) саргузашти забони модарии моро бо ҳама шебу фароз аз оғози ташаккул то ибтидои асри бист дар бар мегирад, ин ҳақиқатро возеҳан таъйид мекунад.
Вале мушкил он аст, ки дар ҷаҳони муосир бақову пойдории бинои ҳастӣ, яъне забони модарии бархе қавму миллатҳои дунё бар асари сиёсатҳои нави ҷаҳонӣ ва равандҳои имрӯзаи марбут ба «ҷаҳонгароӣ» ё «ҷаҳонӣ шудан» зери хатар қарор гирифтааст. Ба баёни дигар, оташи асолатсӯзи ин сиёсату равандҳо ба бинои ҳастии қавму миллатҳои соҳибфарҳангу тамаддунофари олам низ таҳдид мекунад. Ҳамин аст, ки ба андешаи соҳибназарон ва муҳаққиқони забон дар ҷаҳони муосир танҳо ҳашт забон, яъне забонҳои чинӣ, англисӣ, испанӣ, русӣ, португалӣ, банголӣ, ҳиндӣ ва японӣ дар ҳоли рушду боландагӣ қарор доранд ва эҳтимоли қавӣ меравад, ки дар сад соли оянда 50 дар сади забонҳои зиндаи олам нобуд гардад. Натиҷаи таҳқиқи забоншиноси амрикоӣ Майкл Кравс, ки забонҳои маҳкум ба нобудиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, боз ҳам бештар нигаронкунанда ба назар мерасад. Ин муҳаққиқ дар заминаи таҳқиқ ба натиҷа расидааст, ки дар асри XXI ба 90 дар сади забонҳои зиндаи дунё хатари нобудӣ таҳдид мекунад.
Бино бар ин, забони модарии мо ҳам бо вуҷуди он ҳама таърихи пурифтихор ва собиқаи дерин аз шарри равандҳои ҷаҳони муосир комилан дар амон буда наметавонад. Аз ин хотир, ҳифзу нигаҳдошт ва рушду таҳкими забони модарӣ ба сифати бинои ҳастии миллат дар ҷаҳони имрӯз ба муносибату алоқамандии самимонаву содиқонаи мо ба забони модарӣ бастагӣ дорад.
Хушбахтона, Истиқлоли давлатӣ барои побарҷоию устуворӣ ва бақову пояндагии бинои ҳастии миллат, яъне забони модарии мо шароит ва имконоти мусоид фароҳам овард.
Муҳимтар аз ҳама, дар рӯзгори Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ба сифати бинои ҳастии миллат таҳкиму устувории бештар ёфт ва мақоми воқеии расмию давлатӣ пайдо карда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифодаи густурда қарор гирифт.
Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва сулҳу субот дар кишвар ва ноил омадан ба пешравиҳои назаррас дар роҳи бунёди давлати миллӣ зарурат пеш омад, ки Қонуни забон, ки пештар аз даврони Истиқлол таҳия ва ба тасвиб расида буд, мавриди бознигарӣ қарор дода шавад. Аз ин хотир, дар таърихи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав ба тасвиб расид ва ин таърих рӯзи гиромидошти забони модарӣ муқаррар гардид, ки минбаъд ҳамасола дар мамлакат таҷлил карда мешавад.
Бояд таъкид кард, ки қонуни мазкур бар мабнои меъёрҳои мақбул ва эътирофшудаи байналмилалӣ таҳия шуда, вазъи ҳуқуқӣ, доираи корбурд ва дурнамои рушди забони давлатиро дар қаламрави кишвар дар давраи Истиқлоли давлатӣ ва шароити нави дигаргуниҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар ҳаёти дохилӣ ва хориҷӣ танзиму муқаррар менамояд.
Бо муҳайё шудани имкону шароити бештар дар мамлакат давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки дар таърихи 29 ноябри соли 2020 аз тарафи Раиси муҳтарами Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид, дурнамои рушди забони модариро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст. Ҳадафу вазифаҳои барномаи мавриди назар асосан нигоҳ доштани асолат ва ҳувияти забони модарӣ ба сифати омили ҳастӣ ва бақои миллат дар замони мо мебошад.
Яке аз иқдомҳои муҳим дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, дар самти арҷгузорӣ ба забону фарҳанги миллат, эҳёи дубораи номҳои таърихии ҷуғрофист, ки бар асари сиёсатҳои давр ва ҷойи худро тағйир додани қавму қабилаҳои кӯчии саҳронишин номи худро дигар кардаанд. Бидуни шак, эҳёи номҳои таърихии Суғд, Бохтар, Хуҷанд, Истаравшан, Леваканд ва ғайра на танҳо аҳаммияти забонию фарҳангӣ доранд, балки барои худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихӣ аз аҳаммияти фаровон бархурдоранд.
Мусаллам аст, ки дар рӯзгори имрӯз тавону иқтидори ҳар миллату мамлакат бастагӣ ба артиш ва неруҳои мусаллаҳи он дорад. Бо шарофати Истиқлол забони тоҷикӣ забони артиш ва неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қарор гирифт ва имрӯз ҳама гуна расмиёт ва машқҳои низомӣ ба забони тоҷикӣ анҷом мепазирад.
Дигар аз иқдомҳои муҳимми рӯзгори Истиқлоли давлатӣ забони илм эътироф шудани забони тоҷикӣ дар қаламрави мамлакат ва таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таълифи асарҳои илмӣ дар ҳамаи бахшу соҳаҳо, бахусус, дар илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ барои сайқал хӯрдани забони модарӣ, ҳамқадами замон рушд кардан ва ба пояи забони илми муосир расидани он беш аз пеш мусоидат менамояд.
Дар маҷмуъ, вазъу ҳолати бинои ҳастии миллати тоҷик, яъне забони тоҷикиро дар даврони Истиқлоли давлатӣ чунин метавон хулосаву натиҷагирӣ кард:
- Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати забони расмию давлатӣ дар паноҳи давлат қарор гирифт ва ҷойгоҳи воқеии худро дар ҳамаи идораву вазоратхона ва корхонаву муассисаҳои кишвар, қатъи назар аз шакли моликият ва дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба даст овард.
- Муносибати аҳли ҷомеа ба забони тоҷикӣ ба гунаи мусбат тағйир ёфт ва бетафовутӣ нисбат ба ин забон, ки дар даврони шӯравӣ дар байни баъзе табақаҳои аҳолӣ камобеш ба мушоҳида мерасид, комилан аз байн рафт.
- Забони таълифи асарҳои бадеӣ, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар гардид ва лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳоти мамлакат бештар симои тоҷикона гирифт.
- Номҳои аслии таърихию ҷуғрофӣ, ки дар умқи таърих ва забони мо реша доранд ва бар асари сиёсатҳои давр ё тағйири макон кардани қавму қабилаҳои саҳронишини кӯчӣ дигар шудаанд, дубора эҳё гардиданд, ки дар роҳи рушду таҳкими забон ва болобурди сатҳи худшиносию худогоҳии миллии мо аҳаммияти бузург доранд.
- Забони тоҷикӣ ба сифати забони артиш ва неруҳои мусаллаҳи мамлакат пазируфта шуд ва иҷрои ҳама расмиёту машқҳои низомӣ ба ин забон ба роҳ монда шуд.
- Забони тоҷикӣ дар мамлакат забони илм эълон гардид. Дар баробари ин, таъсис гардидани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълифу дифои рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ барои ба пояи забони илми муосир расидани забони мо роҳ боз кард.
Забони тоҷикӣ дар зарфи бештар аз сӣ соли Истиқлоли давлатӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷамъии миллат гардид ва бори дигар матлаби бинои ҳастӣ ва бақову пойдории миллат будани забонро ба ваҷҳи аҳсан ба исбот расонд.
Ҳосили сухан, даврони Истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ воқеан рӯзгори таҳкиму побарҷоии бинои ҳастии миллат - забони тоҷикӣ маҳсуб мегардад, ки дар амри пешрафту боландагӣ, бақову пойдорӣ, устуворию мондагорӣ ва ба марҳалаи нави рушд ворид шудани он нақши Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳварӣ арзёбӣ мешавад.
Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон