User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

         Имрӯз яке аз масъалаҳои ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Созмонҳои террористию экстремистӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаву адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои хусусияташон экстремистӣ ва террористиро пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ - сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.

        Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ ба оромию амнияти ҷаҳон ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам медиҳад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушд нахоҳад кард. Ҳадафи терроризм танҳо аз байн бурдани ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун аст. Он ба арзишҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ қарор доранд, аз қабили эҳтиром ба ҳуқуқи инсон; волоияти қонун; таҳаммулпазирӣ байни халқҳо ва кишварҳо бевосита ҳамла намуда, дар амалишавии ин принсипҳо таъсири манфии худро мерасонад.

         Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пеш аз ҳама ташаккули заминаҳои меъёрӣ, ҳуқуқї, пешгирӣ ва муқовимат бо ин омилҳои номатлуб ҷомеаро фаро мегирад. Дар ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Имрӯз экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавқеи устувор дошта, таҷрибаи ғанӣ касб намудааст ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда шудааст.

            Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош мекунад, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо пешгирӣ намояд.

         Таърихи афкору инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон буда наметавонад, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе аз диндорони бесавод мебошад. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодони ва ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

         Рафторҳои ғайриинсонӣ, ваҳшоният, қатлу куштори мардуми бегуноҳ, шиканҷаи беасос аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ имрӯз дар ҷомеа таъсири манфии худро гузошта истодаанд, ки ин мардуми сайёраро ором гузошта наметавонад. Ин қабил гурӯҳҳои аз илму дониш ва одобу ахлоқ дурмонда, воқеияти ҳаёту зиндагиро умуман дарк накарда, ҳатто худро қурбони ҳадафу мақсадҳои дигар ифротиён месозанд. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора менамоянд: «Террорист - Ватан, дин, миллат ва мазҳаб надорад». Ин маънои онро дорад, ки террористон мансубият ба ягон миллат ё давлате надошта, танҳо дар пайи амалӣ намудани ҳадафҳои нопоку ғаразини худ ва роҳбаронашон мебошанд.

         Имрӯз мо, ҷавонон шукронаи онро мекунем, ки дар як фазои ободу озод ва орому осуда зиндагӣ менамоем. Пас чаро барои ҳифзи ин неъматҳо кӯшиш накунем?! Лозим ояд барои ҳифзу гиромидошти ин арзишҳои миллӣ, аз қабили забони миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва ҳифзи марзу ватани таърихиву аҷдодии худ ҷони худро нисор менамоем. Чунки ягон унсури бегона ба мероси таърихиву аҷдодии ниёгони мо баробар ва ҷойи онро гирифта наметавонад.

         Пешгирӣ намудани каҷравии наврасону ҷавононро пеш аз ҳама мебояд аз муҳити оилавӣ оғоз намуд, яъне аз замони кӯдакӣ бояд ба фарзандон фаҳмонид, ки чӣ ба нафъи онҳо ва чӣ бар газанди онҳо хизмат мекунад. Тамоми қишри ҷомеа бояд дар муттаҳидӣ талош намоянд, ки ҳама гуна каҷрафторӣ ва ҳодисаҳои номатлуби миёни ҷавонону наврасонро пешгирӣ намоянд, зеро ки насли наврасу ҷавон ояндаи миллату давлат ба шумор мераванд. Аммо аксар маврид ҷомеа дар масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон бетарафиро ихтиёр мекунанд. Ин хусусият бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки таъсири василаҳои иттилоотӣ ба ҳама равандҳои сиёсӣ рӯз то рӯз зиёд гашта, идоракунии онҳо душвориро пеш овардааст.

         Мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои зиёд бо дарки хештаншиносӣ ва огоҳии сиёсӣ зиндагӣ кардаву аз паёмади чунин фитнаву гумроҳиҳо хуб огоҳ ҳастанд. Мо ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, намегузорем, ки вазъияти ороми кишвар халалдор гардад ва фарзандони ба ноз парварда тӯъмаи ин «оташ» гарданд.

         Бо меҳнату талош ва заҳмати фидокоронаи хеш алайҳи гурӯҳҳои ифротгаро мубориза бурда, амалҳои инсонбадбинонаи онҳоро маҳкум мекунем ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ тарбия менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Ёрдамчии судяи Суди Олӣ

Сафарзода Носир Нодирҷон

Сарчашма: sud.tj