User Rating: 1 / 5

Star ActiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

       Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Мақоми занон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид, ки дар кори он ходимони давлатӣ, олимон ва хизматчиёни давлатии дар захираҳои кадрҳобудаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

      Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода зимни баромади худ доир ба мавзуи «Нақши истиқлоли давлатӣ дар рушди соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар» қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занону бонувон имтиёзҳои давлатӣ роҳандозӣ гардиданд, ки нишона аз баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеаи кишвар мебошад. Ибрози андеша карда шуд, ки дар асоси талаботи моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлат таҳсили ройгонро дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла гирифтани маълумотҳои миёна, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбиро кафолат медиҳад.

     Дар ҷараёни чорабинӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода вобаста ба ташаккул ва рушди сиёсати гендерӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода доир ба нақши занон дар рушди хизмати давлатӣ ва муовини директори донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Дилором Сайдаҳмадзода атрофи саҳми бонувон дар таҳкими тафаккури миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ маърузаҳо намуданд.

     Аз ҷониби иштироккунандагони мизи мудаввар, изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва дар ин замина ҷалби онҳо ба курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ ба барномаҳои таълимии макотиби олии касбӣ, курсҳои махсус доир ба раванди сиёсати гендерӣ ворид карда шудааст. Ҳамчунин, модулҳои таълимӣ дар самти баробарҳуқуқии мардону занон роҳандозӣ гардидаанд, ки ба болоравии маърифати гендерии аҳолӣ мусоидат мекунанд. Илова бар ин, квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои духтарони навоҳии дурдаст ҷиҳати дохил шудан ба макотиби олӣ яке аз имконияту дастгирии давлатӣ ба ҳисоб рафта, аллакай ҳазорҳо нафар духтарон дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил карда истодаанд ва хушбахтона баъди хатм онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат кор карда, саҳми худро дар пешрафти иқтисод ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мегузоранд.

         Дар фарҷоми чорабинӣ атрофи мазуъҳои баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон