User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

      Имрӯз, 16 сентябри соли 2024, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Мактаби сарварӣ» курси такмили ихтисос ифтитоҳ гардид. 

         Дар ифтитоҳи курси такмили ихтисос муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Зулфия Аҳмадзода, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Дилором Сайдаҳмадзода ва шунавандагони курси такмили ихтисос иштирок намуданд.

         Дар ифтитоҳи курси такмили ихтисос, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар симои зан натанҳо модару хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадор, роҳбари муваффақ, табиб ва ҳимоятгари кишварро мебинем. Масъалаи беҳбудии зиндагии занону духтарон, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ба масъалаи дастгирии занон диққати махсус медиҳанд.

         Њамчунин Ҳилолбӣ Қурбонзода қайд намуд, ки дар кишвари мо аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи баробарии мардону занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, сол то сол сафи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон дар баробари тамоми дигар соҳаҳо рӯ ба афзоиш доранд. Шунавандагони курси мазкур, имкон доранд, ки дар доираи машғулиятҳо донишҳои хешро пурра намуда, онро дар истеҳсолот мавриди тадбиқ қарор диҳанд.

         Ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаи Академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Зулфия Аҳмадзода дар суханронии худ қайд намуд, ки Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар ташаббусҳои занони кишварро ҳамеша дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад ва ҷиҳати ҷалби онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагӣ меандешад.

         Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи барнома, дар фарҷоми курс дар мавзӯи «Мактаби сарварӣ» мизи мудаввар доир мегардад, ки дар доираи он шунавандагон метавонанд, ба саволҳои худ ҷавоб гирифта, фикру мулоҳизаҳои хешро иброз намоянд.

 

 

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон