User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

      Дар ноҳияи Рашт курси сайёри таҷрибаомӯзӣ барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои Зафаробод, Ванҷ, Ҷайҳун ва Рашт аз рӯйи барномаи «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва баргузор гардид.

     Дар курси мазкур масъулини Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат дохил мешавад. Ибрози андеша карда шуд, ки аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳое, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад.

         Дар курси сайёри таҷрибаомӯзӣ масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративии замин ва содироти меваю сабзавот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши навъҳои нави растанӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ ва чорводорӣ ба беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамоянд.

        Курси мазкур аз 28 то 30 августи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 24 соати дарсӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон