User Rating: 5 / 5

Star ActiveStar ActiveStar ActiveStar ActiveStar Active
 

    «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад».

Эмомалӣ Раҳмон

    Баъди соҳибистиқлол гардидан   кишвари мо бо вуҷуди душвориҳое, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик ва давлати навбунёди мо бо онҳо рӯ ба рӯ гардид,  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кутоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд, ки ҳамарӯза хурду бузурги кишвар онҳоро мушоҳида менамоянд.

    Ба шарофати  ҷаҳду талошҳои фарзона фарзанди миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо меҳнату талоши созандаву бунёдкоронаи халқи азизамон   дар ҷумҳурӣ сулҳу субот, иттиҳоду якдилӣ ва ваҳдату ягонагӣ барқарор гардида, Тоҷикистон ба  сӯйи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузошта истодааст. Айни замон Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ метавон арзёбӣ намуд.

     Бешубҳа, Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи давлатдории навин ба ҳисоб рафта, нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

      Аввалин санади ҳуқуқие, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12-ум) қабул шудааст. Дар моддаи 1-уми Эъломия таърифи мафҳуми Истиқлолияти давлатӣ - «ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ» сабт гардид. Ин таърифи истиқлолият қадами ҷиддие ба сӯйи мустақилияти комил буд. Бо вуҷуди он ки дар Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва дар доираи салоҳияти он тасаввур мешуд, андешаҳое баён гардиданд, ки моҳиятан ифодакунандаи давлати озоду мустақил буданд. Чунончӣ, ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба сарватҳои миллӣ, замин ва сарватҳои зеризаминӣ, низоми бонкӣ, мустақилона муайян кардани сиёсати молия, қарз, нарх ва ғайра. Инчунин, ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ баробарҳуқуқ эълон шуданд. Бори нахуст андешаи таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ баён гардид. Ҳамин тариқ, Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 9- уми сентябри соли 1991 қабул гардид ва тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида 9-уми сентябри соли 1991  истиқлолияти воқеии Тоҷикистон дар сатҳи меъёри конститутсионӣ расмӣ гардонида шуд.

Дар низоми ҳуқуқии кишвар яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ  қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар паёми шодбошӣ 6 ноябри соли 2020 ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ таъкид доштанд: «Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду ва­зи­­фаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хо­­ри­ҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.

     Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад».

     Бо қабули ин санади тақдирсоз низоми ҳуқуқии давлат пурра аз нав таҷдид гардид. Таҳлил ва маълумотҳои омори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз он шаҳодат медиҳад,  ки то соли 2023  аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар зиёда аз 450 санади қонунгузорӣ ҷиҳати ба танзим даровардани қоидаҳои рафтори ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шудаанд. Ҳамчунин, дар заминаи истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15000 санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул гардидааст, ки моҳияти асосии онҳоро асосҳо ва иҷрои нишондодҳои санадҳои қонунгузорӣ ташкил медиҳанд. Дар ин раванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ гардида, беш аз 350 санади байналмилалиро эътироф (ратификатсия) намудааст. Ҳамзамон 2 марти соли 1992 Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ гардида, то кунун чандин пешниҳоду таклифҳои ҷониби кишвари мо аз тарафи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф ва дар арсаи байналмилалӣ амалӣ мегарданд. Дар баробари ин, кишвари мо узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Ҷаҳонии Савдо, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо буда, то кунун конфронсу симпозиум ва форумҳои зиёди ҷаҳониро дар сатҳи баланд мизбонӣ карда истодааст

    Дар баробари ин, дастоварди бузург дар роҳи эъмори давлатдории миллӣ ва рушди он ин таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ташаббуси хирадмандона ва дурбинонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (бо таѓйиру иловаҳо аз 20 июни соли 2024), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» (бо таѓйиру иловаҳо аз 20 июни соли 2024), Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» (24 декабри соли 2022) қабул гардиданд. Бояд зикр намуд, ки қонунҳои мазкур мансубияти миллӣ дошта, мутобиқ ба анъана ва одатҳои миллати тоҷик таҳия ва қабул гаштаанд.  

     Дар ин солҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла  Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон қабул гардид. Инчунин аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд, ки қобили дастгирии аҳли ҷомеаи шаҳрвандии кишвар гардид.

     Бо эътимоди қавӣ метавонем изҳор намуд, ки Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихи, шиносномаи байналмилали ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

 

 

Бобоев Шаҳзод Нуруллоевич,

магистранти «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»