User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 24 июли соли 2024 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич бо роҳбари Намояндагии доимии Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон Ленни Монтиел мулоқот намуд.

Дар мулоқоти мазкур Лазима Онта- муовини роҳбари Намояндагии доимии Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон, Ниятбеков Шакарбек- сардори шуъбаи идоракунии давлатии Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон ва масъулини Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.

 Директори Агентии хизмати давлатӣ ҳангоми вохӯрӣ зикр намуд, ки қаблан намояндаи Агентии хизмати давлатӣ дар семинари «Идоракунии захираҳои инсонии хизмати давлатӣ дар асоси истеъдод дар асри 21», ки  бо ташаббуси Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба хизмати давлатии шаҳрвандии байналмилалӣ рӯзҳои 27-30 ноябри соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) баргузор гардид, иштирок намуд.  Дар доираи барномаи семинари мазкур вохӯрии умумии иштирокчиёни семинар бо  Ёрдамчии Котиби генералии СММ-директори Бюрои минтақавӣ оид ба Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) Ивана Зивковик баргузор гардида, дар қисми хизмати давлатии шаҳрвандии Тоҷикистон Созмони мазкур оғози ҳамкориҳоро бо Агентии хизмати давлатӣ хоҳиш намудааст.

Бо ин мақсад ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, аз ҷумла ташкили таҳсили хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дигар самтҳои авзалиятноки соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ бо Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид (UNDP) муҳим арзёбӣ карда мешавад.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки тибқи  таҳлилҳои Агентии хизмати давлатӣ ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо Созмони мазкур ҳамасола тавсеа ёфта, хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар доираи барномаҳои ин Созмон ба давлатҳои пешрафта фиристода мешаванд.

Ҳамзамон дар рафти мулоқот роҳбари Намояндагии доимии Барномаи рушди Созмони Миллали Мутаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон Ленни Монтиел ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самти тақвият бахшидани хизмати давлатӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳангоми мулоқот масъалаҳои ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, аз ҷумла татбиқи рақамикунонии хизмати давлатӣ, мусоидат ба роҳандозии технологияҳои кадрӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар хориҷи кишвар, таҳия ва татбиқи санадҳо вобаста ба сиёсати кадрҳо, ҷалби бештари занон ба хизмати давлатӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, дар робита ба ин мавқеи ҷонибҳо пешниҳод карда шуд.

Мулоқоти мазкур бо ҳусни тафоҳум ҷамъбаст гардид.

 

                                                                                Агентии хизмати давлатии назди

                                                                              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон