Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо мақсади иҷрои банди 7 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222) ва дар маҷмӯъ барои такмили Қонуни мазкур ва бо шароити муосир мувофиқ намудани он таҳия карда шудааст.
Ҳамзамон, дар лоиҳа талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2021, №268 тасдиқ карда шудаанд ва талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, ки то ин вақт бознигарӣ шудаанд, ба назар гирифта шуда, як қатор мафҳумҳо ва ибораҳо дар таҳрири нав ифода карда шудаанд.
Лоиҳа аз 22 июли соли 2024, №02-1530 ба мақомоти давлатии дахлдор барои баррасӣ ва пешниҳоди хулоса ирсол карда шудааст.
Лоиҳаи мазкур тибқи талаботи қисми 2 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» барои шиносоӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сомонаи расмии Агентии хизмати давлатӣ дар гӯшаи «Китобхона», бахши «Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷойгир карда шудааст.
Хоҳишмандон (мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва дар маҷмуъ тамоми хоҳишмандон) метавонанд нисбат ба лоиҳаи мазкур таклифу пешниҳоди худро дар шакли электронӣ тавассути почтаи электоронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё дар шакли хаттӣ ба Агентии хизмати давлатӣ (шаҳри Душанбе, кучаи Саид Носир, 33) манзур намоянд.