Дар нимсолаи якуми соли 2024 ба Агентии хизмати давлатӣ 3083 (дар соли 2023-3111) мавод, аз ҷумла, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 570 мавод, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо 2252 мавод ва 261 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид ва дар муҳлатҳои муқарраргардида баррасӣ гардиданд.
Муҳтавои асосии маводи аз тарафи мақомоти давлатӣ воридгардидаро масъалаҳои ташкил, баргузорӣ ва ҷамъбасти озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, ташкили захираи кадрҳо, татбиқи кафолатҳои иҷтимоӣ, таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мансуб ба соҳаи хизмати давлатӣ ташкил медиҳанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз Агентии хизмати давлатӣ 1344 (2023-1253) мавод содир карда шудааст.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ ба сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ 1129 (соли 2023-1215) мавод ворид, аз онҳо 564 (соли 2023-517) мавод содир гардидааст.
Дар ин давра 6 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ ва 24 ҷаласаи машваратии назди директори Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардида, 163 масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, самтҳои асосии фаъолияти мақоми ваколатдори соҳа, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул ва мавриди иҷро қарор дода шуданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ 20 лоиҳа (16 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 4 лоиҳаи санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба) таҳия гардиданд, ки аз ин 6 лоиҳа қабул, 7 лоиҳа дар баррасии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳо ва 4 лоиҳа дар баррасии Агентии хизмати давлатӣ қарор доранд.
Ҳамчунин дар ин давра ба 15 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз мақомоти давлатӣ воридшуда хулосаҳои Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод карда шуданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ мувофиқи Ќоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2024, №828 тасдиқ карда шудааст, рафти иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Шаҳритус, Носири Хусрав, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Ҳангоми санҷишҳо ҳолати риоя нашудани талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ зимни татбиқи технологияҳои кадрӣ, нигоҳ доштани ҷойҳои холӣ, таҳия, тасдиқ ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ, риояи талаботҳои тахассусӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва пешбурди парвандаҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ ошкор карда шуд.
Муқаррароти Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 24 августи соли 2011, №153) дар баъзе шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда қисман риоя карда нашуда, бархе аз хизматчиёни давлатии мақомоти давлатии мазкур (28 ҳолат) ба талаботи тахассусӣ аз рӯи ихтисос ва сатҳи таҳсилот ҷавобгӯ намебошанд.
Дар маҷмӯъ аз натиҷаи таҳлили вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ санадҳои санҷишӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ирсол карда шуд.
Аз ҷониби мақомоти мазкур нақшаи чорабиниҳо вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда тасдиқ карда шуда, то ин вақт қисми зиёди камбудиҳо бартараф карда шуда, фаъолият дар ин самт идома дошта, рафти минбаъдаи бартараф намудани камбудиҳо таҳти назорати Агентии хизмати давлатӣ қарор дода шудааст.
Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ, ки аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ аз натиҷаи ҳар семоҳа дархост, коркард, ҷамъбаст ва чораҷӯӣ карда мешавад, ба ҳолати 1 июли соли 2024 шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда 18384 нафар ва синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ 36,8-соларо ташкил медиҳад.
Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4655 нафар ё 25,3 фоизро ташкил дода, аз 5912 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1211 нафар ё 20,4 фоиз занони роҳбар мебошанд. Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди занони роҳбар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 68 нафар зиёд шудааст.
Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8986 нафар (48,8 фоиз)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 10 нафар камтар мебошад. Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола 1612 нафар (27,2 фоиз) буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 16 нафар камтар гардидааст.
Дар як вақт дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои вазъи ҷалби ҷавонон ва занон ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба фарогирии бештари онҳо ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунандаи он мунтазам тадбирҳо андешида шуданд.
Дар нимсолаи якуми соли равон масъулини Агентии хизмати давлатӣ дар 203 (соли 2023-229) ҷаласаи комиссияҳои озмунии мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Дар ин давра барои ишғоли 5158 (соли 2023-3305) мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, барои ишғоли 2061 (соли 2023-2167) мансаби холӣ бо иштироки 2656 (соли 2023-4487) нафар, аз он зан 655 (соли 2023-821) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 1837 (соли 2023-1882) нафар, аз он зан 543 (соли 2023-479) нафар довталаб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.
Ба ҳисоби миёна ба ҳар як мансаби холӣ бо дарназардошти мансабҳои ба онҳо ҳуҷҷат супориданашуда 0,5 (соли 2023-1,4) довталаб рост меояд.
Аз 1837 нафари ба мансабҳо таъингардида 1256 нафар ҷавонони то 35 - сола мебошанд.
Довталабони бори аввал ба хизмати давлатӣ омада 336 (зан-247) нафар буда, аз ҳисоби ҷавонони то 35 - сола 114 (зан-222) нафар ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин карда шудаанд.
Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ дар давраи ҳисоботӣ аз 1295 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда, 1209 нафар, аз он зан-254 (соли 2023-1118, зан-249) нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат 16 нафар, аз он зан-5 (соли 2023-22, зан-3) нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 21 нафар, аз он зан-5 (соли 2023-24, зан-1) нафар барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 38 нафар, аз он зан-3 (соли 2023-30, зан-7) нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гирифтанд.
Дар як вақт тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ 86 нафар, аз он зан-14 (соли 2023-51, зан-14) нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат ба 70 нафар, аз он зан-13 (2023-38 аз он зан-9) нафар барои такмили ихтисос, ба 7 нафар, аз он зан-1 (2023-8, аз он зан-3) нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан ва ба 9 нафар, аз он зан-0 (соли 2023-5, зан-2) нафар барои аз мансаб озод кардан тавсия дода шудааст.
Натиҷаи мониторинги ҳолати ҷойивазкунӣ дар соли 2023 дар аввали соли 2024 ҷамъбаст карда шуда, муайян карда шуд, ки дар соли 2023 37 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ба ротатсия фаро гирифта шудаанд.
Мувофиқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ муайян карда шуд, ки ба ҳолати 31 декабри соли 2023 дар мақомоти давлатӣ ба истиснои ишғолкунандагони мансабҳои сиёсӣ 172 нафар хизматчии давлатии ба ротатсия фарогирифташаванда фаъолият дошта, аз он 102 нафар ба мақомоти марказӣ (бо сохторҳои маҳаллӣ) ва 70 нафар ба мақомоти маҳаллӣ рост меояд.
Аз ин ҳайат 145 нафар (82 нафар дар мақомоти марказӣ, 63 нафар дар мақомоти маҳаллӣ) зиёда аз 5 сол ва 21 нафар (14 нафар дар мақомоти марказӣ, 7 нафар дар мақомоти маҳаллӣ) зиёда аз 10 сол ва 6 нафар аз мақомоти марказӣ бештар аз 15 сол дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Дар маҷмӯъ, аз таҳлили муқоисавии нишондодҳо оид ба ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатӣ давоми солҳои 2014-2023 бармеояд, ки теъдоди кадрҳои ротатсияшаванда аз 489 нафар (соли 2014) ба 172 нафар (соли 2023) расида, тамоюли пастравӣ дорад.
Аз ҳисоби захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ дар соли 2023 теъдоди 84 (зан-23) нафар ба мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ таъин карда шудаанд.
Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» қаблан аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ Нақшаи амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» иборат аз 14 банд тасдиқ карда шуда, аз 22 апрели соли 2024, №04-854 барои таъмини иҷро ва корбарӣ ба мақомоти давлатӣ ирсол карда шуда, бо фармоиши якҷояи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2024, №97 ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2024, №456 гурӯҳи корӣ вобаста ба таҳияи Ќоидаҳо оид ба муайян намудани сатҳи донистани забонҳои хориҷии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ таъсис дода шуд.
Аз ҷониби гурӯҳи кории мазкур лоиҳаи Ќоидаҳо оид ба муайян намудани сатҳи донистани забонҳои хориҷии кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ таҳия карда шуда, бо фармоиши якҷояи Агентии хизмати давлатӣ аз 25 июни соли 2024, №152 ва Вазорати маориф ва илм аз 25 июни соли 2024, №7 тасдиқ карда шуда, аз 1 июли соли 2024, №05-1336 барои иҷро ва корбарии минбаъда ба мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ирсол карда шуд.
Дар баробари ин ҷиҳати татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 18 апрели соли 2024, №92 «Дар бораи ташкили курсҳои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Агентии хизмати давлатӣ» тасдиқ карда шуда, барои кормандони дастгоҳи марказӣ ва шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 6 гурӯҳ курсҳои омӯзишӣ (3 гурӯҳи омӯзиши забони русӣ ва 3 гурӯҳи омӯзиши забони англисӣ) ташкил карда шуда, омӯзиш идома дорад.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 21 курси таълимӣ, аз ҷумла-3 курси азнавтайёркунӣ, 12 курси такмили ихтисос дар Академия, 1 курси таҷрибаомӯзӣ ва 5 курси сайёр дар маҳалҳо доир карда шуда, 1152 (зан-427) нафар хизматчиёни давлатӣ, ки аз онҳо 206 нафар занон ва 503 нафар ҷавонони то 35-сола мебошанд, ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд.
Барои шунавандагони курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос бо мақсади таҳкими донишҳои хизматчиёни давлатӣ вобаста ба мавзуъҳои мубрами соҳаи хизмати давлатӣ машғулиятҳо гузаронида шуданд.
Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 22 январи соли 2024, №35/3-13 оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» курси ғайринақшавии такмили ихтисос барои роҳбарони муассисаҳои давлатии таълимии томактабии шаҳри Душанбе аз рӯйи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» бо иштироки 92 нафар бонувон баргузор карда шуд.
Дар баробари ин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила курси такмили ихтисос аз руйи барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» барои 30 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ аз ҳисоби бонувони болаёқат аз 5 марти соли 2024 оғоз карда шуда, 28 июни соли ҷорӣ анҷом ёфт.
Ба курсҳои зикргардида ба ҳайси лектор мутахассисони варзида аз мақомоти қонунгузор, судӣ, иҷроияи марказӣ ва марказҳои таълимию таҳқиқотӣ ҷиҳати гузаронидани машғулият ҷалб гардиданд.
Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон ва Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола ва дусола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шуда, дар давоми солҳои 2010-2024 1078 (зан-294) нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, аз мақомоти марказӣ 581 (зан-148) нафар ва аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 497 (зан-146) нафар, аз он 64 (зан-20) нафар кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот магистратураи мазкурро хатм намудаанд.
Илова бар ин бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар солҳои 2019-2024 курси омӯзишии дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманди то 40-сола 222 нафар занон (аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо) дар 3 давра ба муҳлати 30 рӯз ба таҳсил фаро гирифта шуда, курси мазкурро хатм намудаанд.
Ҳамчунин бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар соли 2022-2023 2 курси омӯзишӣ барои раисон ва вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Левакант, Восеъ, Носири Хусрав, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Хуросони вилояти Хатлон бо иштироки 43 (зан-7) нафар гузаронида шуд.
Бо мақсади тақвияти донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ бо мусоидат ва назорати Агентии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешаванд.
Дар робита ба ин бо мувофиқаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи намунавии омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соли 2024 таҳия, тасдиқ ва аз 16 октябри соли 2023, №04-1868 барои корбарии минбаъда ба мақомоти давлатӣ ирсол гардид.
Зимни омӯзиши маводи пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ муайян карда шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 дар маҷмӯъ дар 147 мақомоти давлатӣ 2743 (мақомоти марказӣ-1525, мақомоти маҳаллӣ-1218) омӯзишҳои идоравӣ, аз ҷумла 2086 машғулияти назариявӣ, 545 машғулияти амалӣ, 31 машғулияти фосилавӣ (онлайнӣ) ва 81 чорабиниҳои худомӯзӣ гузаронида шудаанд.
Дар омӯзишҳо 114654 (занон-35364, ҷавонони то 35-сола-53239) нафар хизматчиёни давлатӣ иштирок намуданд. Аз ин теъдод иштироки 73444 (занон-22661, ҷавонони то 35-сола-36972) нафар ба мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва 41210 (занон-12703, ҷавонони то 35-сола-16267) нафар ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ рост меояд.
Дар ин давра бо мақсади тарғиби дастовардҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва шиносоӣ бо кори Агентии хизмати давлатӣ фаъолияти сомонаи Агентии хизмати давлатӣ (www.ahd.tj) тақвият дода шуда, матлабҳои гуногун дар саҳифаҳои хабарҳо, эълони озмунҳои мақомоти давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва ғайраҳо мунтазам ворид карда шуданд.
Теъдоди хонандагони сомонаи Агентии хизмати давлатӣ дар охири моҳи июни соли 2024 зиёда аз 92000 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар ин давра дар сомонаи иҷтимоии фейсбук саҳифаи Агентии хизмати давлатӣ ба истифода дода шуда, шумораи бинанда ва хонандаи он зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 силсилаи чорабиниҳои илмӣ, маърифатӣ ва тарғиботӣ баргузор карда шуданд.
Аз ҷумла, дар ин давра ҷамъомадҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар (6 март), Ҷашни байналмилалии Наврӯз (19 март), Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон (14 апрел), Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи хизмати давлатии кишварҳои Созмони Милали Муттаҳид (23 июн) ташкил карда шуданд.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ кормандони Агентии хизмати давлатӣ вобаста ба масъалаҳои муҳими соҳаи хизмати давлатӣ дар 21 чорабиниҳои мухталифи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок ва маърӯза намуданд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ дар самти таҳсил ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар доираи ҳамкориҳо бо Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) 121 (зан-23) нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, 90 (зан-15) нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, айни замон таҳсили 31 нафар (30 нафар дар магистратура ва 1 нафар дар докторантура) идома дорад.
Тибқи тартиби муқарраргардида чорабиниҳои таблиғотии Лоиҳаи JDS барои давраи нави таҳсил дар Агентии хизмати давлатӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, корҳои хориҷӣ ва кишоварзӣ, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва тариқи фосилавӣ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки 422 (зан-143) нафар намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ баргузор карда шуданд.
Аз натиҷа то 12 январи соли 2024 47 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ ҳуҷҷатҳои худро барои таҳсил дар магистратураи донишгоҳҳои Япония пешниҳод намуда, моҳи январи соли 2024 имтиҳони якум (TOEFL) бо иштироки 43 нафар, моҳи марти соли ҷорӣ суҳбат бо профессорони донишгоҳҳои Япония бо иштироки 39 нафар ва моҳи апрели соли 2024 бо иштироки 24 нафар сӯҳбат бо аъзои Комиссияи идоракунии Лоиҳаи JDS баргузор карда шуда, 15 нафар довталаби муваффақ интихоб гардида, моҳи августи соли ҷорӣ барои таҳсил дар магистратураи донишгоҳҳои Япония фиристода мешаванд.
Дар доираи Барномаи КОICA низ ҳамасола хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар бахши магистратураи донишгоҳҳои Корея фаро гирифта мешаванд.
Тибқи барномаи мазкур солҳои 2015-2023 24 (зан-7) нафар хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои магистрии донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея фиристода шуда, 14 (зан-5) нафар таҳсилро ба итмом расонида, таҳсили 10 (зан-2) нафар идома дорад.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо бо ҷониби Корея лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда, тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2024, №20200(29-4.2) бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуда, тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ аз 1 июли соли 2024, №05-1338 барои мувофиқа ба ҷониби Корея ирсол карда шуд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия идома дода шуда, тибқи дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №02012-100-01-24 ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2024 №29/10-9.1 иштироки директори Агентии хизмати давлатӣ дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ ва конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, таъмин карда шуд.
Ҳамзамон бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба бо Академияи россиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи россиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таҳия ва тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2024, №18928(29-3.3) бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуда, тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ аз 1 июли соли 2024, №05-1339 барои мувофиқа ба ҷониби Академияи мазкур ирсол карда шуд.
Ҳамчунин, бо мақсади роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи хизмати давлатӣ лоиҳаи Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон таҳия карда шуда, тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июли соли 2024, №26531(29-3.6) дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ идома дода шуд.
Аз ҷумла, тибқи дастурҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2024, №15199(29-4.2) ва аз 25 майи соли 2024, №34408(29-6.3) иштироки Саидзода Ш.М.-сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 6 то 19 июни соли 2024 дар семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар шаҳри Пекин ва Саидова М.Д.-сардори шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатӣ аз 12 то 25 майи соли 2024 дар семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Рушди иқтисоди рақамӣ барои Тоҷикистон» дар шаҳри Шенҷейни Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардиданд, таъмин карда шуд.
Агентии хизмати давлатӣ минбаъд низ фаъолиятро дар доираи ваколатҳои худ самаранок ба роҳ монда, барои татбиқи сиёсати давлатӣ ва қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумурии Тоҷикистон