User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 9 июли соли равон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардида, дар кори он аъзои ҳайати мушовара, Олимшо Меҳрӣ - мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосимзода Гурез Ҷурахон - муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон – муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Рашидов Ҷамшед Қосимович - ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълимӣ Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар аъзои ҳайати мушовара, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 ва лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2024 баррасӣ гардиданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ - Давлатов Ҷ.М. ҷаласаро оғоз намуда, аз рӯйи масъалаи якум муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ - Қосимзода Г.Ҷ. гузориш доданд.

Зимни маърӯза қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои Агентии хизмати давлатӣ ба ҳолати 1 июли соли 2024 теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18384 нафар (82,7 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3830 адад (17,2 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ 12003 нафар (занон 2966 нафар ё 24,7 фоиз), мақомоти иҷроияи маҳаллӣ 3501 нафар (занон 1088 нафар ё 31,0 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2880 нафар (занон 601 нафар ё 20,8 фоиз) фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4655 нафар ё 25,3 фоизро ташкил дода, аз 5912 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1211 нафар ё 20,4 фоиз занони роҳбар мебошанд. Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди занони роҳбар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 68 нафар зиёд шудааст.  

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8986 нафар (48,8 фоиз)-ро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола 1612 нафар буда, 27,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар рафти гузориш қайд карда шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 21 курси таълимӣ, аз ҷумла-3 курси азнавтайёркунӣ, 1 курси таҷрибаомӯзӣ, 12 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ доир карда шуда, дар онҳо 1152 (зан-427) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Қурбонзода Ҳ.Ҷ. дар бораи лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2024 (масъалаи дуюм) маърӯза намуда, лоиҳаи наќшаи мазкур барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои холӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.

 

 

                                               Агентии хизмати давлатии назди

                                                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон