User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
Таҳти чунин унвон 5 июли соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини кор бо мақомоти маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз руйи барномаи ''Идоракунии давлатӣ дар замони муосир'' ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти курси такмили ихтисос, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода иштирок намуд. Абдулло Раҳмонзода дар назди ҳозирин вобаста ба рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва дигар масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар баромад намуд. Қайд карда шуд, ки аз тарафи сохторҳои идеологӣ дар маҳалҳо дар асоси нақшаҳои мувофиқашуда ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа корҳои таблиғотию ташвиқотӣ пурзур карда шуда, ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ ва муҳаббат ба Ватан шарҳу тавзеҳ дода шаванд. Ҳамчунин, доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, ҳамкории волидайн бо муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва рушди соҳаи варзиш фикру мулоҳизаҳои судманд пешниҳоди ҳозирин гардонида шуданд.
Ибрози андеша карда шуд, ки барои ҳамаи мо, бахусус, хизматчиёни давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ татбиқ менамоем, зарур аст, ки нозукиҳои идоракунии давлатӣ ва таҷрибаи мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзем ва онро дар фаъолияти ҳаррӯзаамон татбиқ намоем.
Бинобар ин, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои шунавандагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои зикршуда таъсири мусбати худро мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки дар курси такмили ихтисос барои раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини кор бо мақомоти маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ мавзуҳои сиёсати давлатии молиявӣ, иқтисоди миллӣ, технологияҳои рақамӣ, самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои то соли 2030, истифодаи самараноки замин, таъмини амнияти озуқаворӣ, тақвияти фаъолияти идеологӣ ва рушди иҷтимоӣ аз ҷониби олимону ходимони давлатӣ дар шакли модулҳои таълимӣ пешкаши шунавандагон гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба хатмкунандагони курси такмили ихтисос барои раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини кор бо мақомоти маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз руйи барномаи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир” гувоҳномаҳо супорида шуданд.
Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон