User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бахшида ба таҷлили 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз, 26 июни соли равон дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 61 Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи якуми соли 2024 ва банди 2 Нақшаи кори ташкилоти  ибтидоии ҳизбии  «Хизмати давлатӣ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои соли 2024 омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ ва аъзоёни ҳизб таҳти унвони «Ваҳдат-асоси бақои миллат» доир гардид.

Дар ҳамоиш Қосимзода Гурез Ҷурахон - муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон – муовини директори Агентии хизмати давлатӣ,  Раҳимзода Маҳмад Забир-профессор, узви Шурои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Мавлоназаров Силмон Силтонназарович-Сарходими илмӣ-профессори пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаҳо ва дигар ҳайати кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро Қосимзода Г.Ҷ. ҳусни оғоз бахшида, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони кишварро аз номи роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ ба муносибати ҷашни таърихӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз самими қалб табрику шодбош гуфт.

Раҳимзода М.З. зимни баромади хеш се марҳилаи ташаккули Ваҳдати миллиро (солҳои 1991-1992 то баргузории иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1992-1997 то ба имзорасии Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ва аз соли 1997 инҷониб) шарҳу тавзеҳ дода, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ба даст овардани сулҳи байни тоҷикон, таъмини субот дар ҷомеа ва баргардондани гӯрезаҳо ва бо роҳи сиёсӣ ҳаллу фасл кардани муқовиматҳои сиёсӣ махсус ва муҳмин арзёбӣ намуд.   

Мавлоназаров С.С. дар баромади хеш  оид ба сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷиҳати анҷоми мулоқотҳо бо роҳбарони ИНОТ ҷиҳати ба даст овардани сулҳ ва қатъи муқовиматҳои мусаллаҳонаси ҳар ду ҷониб қаҳромониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидани ба сулҳ ва  ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ибрози андеша карда, Ваҳдати миллиро асоси ҳастӣ ва бақои миллати тоҷик хонд.

Ҳамчунин Толибов Р.Ғ. корманди Агентии хизмати давлатӣ ва аъзои Ҳизби Халқии Демоқратии Тоҷикистон  зимни маърӯза афзуд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони милати тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар қатори тамоми самтҳои иқтисодиёту иҷтимоии соҳаи хизмати давлатӣ низ рушд менамояд. 

Ҳачунин баромадкунандагон дар робита ба суханрониҳои Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз 9 марти соли 2024 аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ҳушёру зирак бошанд ва фирефтаи мақсадҳои нопоки ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ нагарданд, ватани худро дӯст доранду ва дар роҳи хизмат ба ватан рисолати хизмати давлатиро анҷом диҳанд.

 

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон