User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён Шуморо ба муносибати 70-солагии баҳори умратон табрику таҳният мегӯем. Хизматҳои Шумо дар тарбияи насли нави хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст. Тӯли фаъолияти бисёрсола ва пурсамар сарбаландона ба халқу Ватан шоиста хизмат намудаед.

Сифатҳои волои омӯзгорӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва хислатҳои наҷиби инсонии Шумо буданд, ки дар ҳамаи зинаҳои фаъолият соҳиби обрӯву эътибор ва иззату эҳтироми хоса гаштед. Чунин сифатҳои ҳамидаатон махсусан дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба зуҳур ёфтанд.

Саҳфаҳои фаъолияти пурмаҳсули илмию эҷодии Шумо барои наслҳои имрӯзаву ояндаи хизматчиёни давлатӣ махзани гаронбаҳо мебошад.

Ҳамкасби азиз! Боварии комил дорем, ки минбаъд низ донишу таҷриба ва малакаи бойи худро дар тарбияи насли нави хизматчиёни давлатии Тоҷикистони азизамон дареғ нахоҳед дошт.

Бори дигар Муним Ҳасановичи азиз Шуморо ба муносибати ҳафтоддумин баҳори умратон самимона шодбошу муборакбод гуфта, бароятон умри тӯлонии бобаракат, саломатии бардавом ва рӯзгори пурфайзро таманно дорем.

Пирӯзиву комёбӣ ҳамеша ҳамқадами Шумо бошад!

Зодрӯз муборак!

 

 Бо ихлосу эҳтиром

ҳайати Агентии хизмати давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон