Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» санаи 30 ноябри соли ҷорӣ оғоз гардид.
Даври ниҳоии озмун 2 рӯз идома дошта, ғолибон муайян ва бо дипломи «Беҳтарин хизматчии давлатӣ» рӯзи 2 декабри соли 2023 зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба солгарди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» сарфароз гардонида мешаванд.
Дар қисмати ифтитоҳи даври ниҳоии озмуни мазкур Ҳилолбӣ Қурбонзода - раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилноза Аҳмадзода - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаридун Исматуллозода - директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини иштироки занон дар идоракунии давлатӣ, инчунин мутобиқи Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №608 ва дар асоси зербанди дуюми банди 2 -и Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 тасдиқ карда шудааст, доир гардида, ҳадафи он ҳавасмандгардонии занон – хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти самарабахш дар хизмати давлатӣ, тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон – хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мебошад.
Озмун дар се бахш:
-бахши якум – моҳҳои май-август барои занон – хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Рашт;
-бахши дуюм – моҳҳои сентябр-октябр барои занон – хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои тобеи он дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида.
-бахши сеюм – ҷоизасупорӣ барои ғолибони бахшҳои якум ва дуюм дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.
Аз рӯи Низомномаи озмун довталабоне, ки дорои донишҳои баланди сиёсӣ ва касбӣ, бартарӣ дар иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таърих, фарҳанг, донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор бо технологияи иттилоотӣ, татбиқи донишу таҷриба дар мансаби ишғолнамуда, қобилияти таҳлилӣ, маҳорати ифодаи фикр, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, масъулиятшинос ва дорои одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром ба инсон, шаҳрвандон ва кормандон, поквиҷдонӣ, адолатнокӣ, ботамкинӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа мебошад, ҷамъ 77 нафари ғолибони даврҳои қаблӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, имрӯз дар маросими ифтитоҳи даври ниҳоӣ бо навиштани диктант ба забони русӣ, иншои озод ва санҷиши маҳорати кор бо технологияи иттилоотӣ иштирок намуданд.
Рӯзи 1 декабри соли 2023 ҳайати ҳакамон маҳорати забондонии довталабони даври ҷумҳуриявиро аз забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ санҷиш намуда, беҳтаринҳо ҳамчун ғолиби озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ» муайян карда мешаванд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон