User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Аз 25 то 27 ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев имтиҳони қабул ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоби хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳру навоҳии вилоят доир гардид.

 Дар рафти имтиҳонҳои қабул Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода А.Д., ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Назаршоев М., доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент Комилбек А.Ё., ноиби якум, ноиби ректор оид таълими Академия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Д.Ҷ., ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Исматзода С.С. ва дигар намояндагони Академия иштирок намуданд.         Имтиҳони қабули довталабон аз ҳисбоби хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он ба магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» тариқи иншо, тест ва суҳбат оид ба малакаи касбии онҳо гузаронида шуда, аз ҷониби комиссия баҳогузорӣ карда шуданд.

Лозим ба қайд аст, ки ҳадаф аз ташкили магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» омӯзиши мактаби идоракунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар рушди соҳаҳои стратегии низоми иҷтимоии ҷомеа буда, диққати асосӣ ба корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳалли масъалаҳои стратегии низоми иҷтимоӣ дода мешавад.

Ба зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» хизматчиёни давлатие, ки собиқаи кории на кам аз 2-сола дошта, донандаи забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) мебошанд, тариқи имтиҳон пазируфта мешаванд.

Магистрантон давоми як соли таҳсил дар магистратураи мазкур малакаи кории худро такмил дода, донишҳои касбиро тақвият мебахшанд ва соҳиби диплом мегарданд. Таҳсил дар магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дар самти болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

 

 Академияи идоракунии давлатии назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон