User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоршиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисосисоҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.

Бо ин мақсад дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсия Россия бо иштироки коршиноси Маркази таҳлилии Ҳукумати Федератсияи Россия Шестопалов Павел Леонидович курси такмили ихтисоси кӯтоҳмуддат дар мавзӯи «Идоракунии лоиҳаҳои давлатӣ ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ» барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Курси мазкур дар доираи ҳамкориҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия роҳандозӣ шуда, ба мавзуъҳои муҳим дар ин соҳа нигаронида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия шарики стратегии соҳавӣ буда, аз соли 2002 дар самти омода кардани кадрҳои баландихтисоси самти идоракунии давлатӣ ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, Академия аз соли 2016 узви комилҳуқуқи Ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ (Базовая организация СНГ) оид ба тайёр кардани кадрҳои самти идоракунии давлатӣ мебошад.

 

 Академияи идоракунии давлатии назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон